Search

БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ ШАНБЕГӢ ДАР РАЁСАТИ КАДРҲО ВА КОР БО ҲАЙАТИ ШАХСИИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2025 роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани атроф саҳмгузорӣ менамоянд.

Санаи 15 марти соли 2025  дар бинои раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва гирду атрофи он корӽои  ободонӣ  ва  сабзу  хуррамгардонӣ  бо  мақсади  сазовор  пешвозгирифтани Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2025  шанбегӣ доир гардид.

Роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсат бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ  барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда,  тозаву  озода  намудани  гузаргоӽӽои  дохил  ва  гирду       атрофи раёсат, нарм намудани заминӽо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф барои боз ҳам зеботар намудани пойтахти кишвар саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Дар рафти шанбегӣ бевосита сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ва муовинони сардори раёсат иштирок намуданд.

 Бояд қайд намуд, ки ҳифз  намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи коргоҳи худ ба инсонҳо вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандии мо мебошад.

РАЁСАТИ КАДРҲО ВА КОР

БО ҲАЙАТИ ШАХСИИ ВКД

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН