Санаи 11 марти соли ҷорӣ дар толори барҳавои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ бо иштироки донишҷуёни донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ иштирок ва суханронӣ доштанд, Муовини аввали Сардори РОПҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, Муовини сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Низомзода Наҷмуддин, Роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар шаҳри Душанбе Юсупов Муҳаммадҷон, Сардори ШОПҲНҶ ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ подполковники милитсия Бадалзода Муборакшо ва Муовини ректори ДБССТ Қаландарзода Гулрӯ иштирок намуданд.
Ҳозирини дар толорбуда Суруди миллиро, ки аз ҷумлаи муқаддасоти миллист, бо ҳисси баланди худшиносиву ватандӯстӣ суруданд.
Сараввал Муовини сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, изҳор дошт, ки дар замони имрӯзаи мубориза дар фазои бархӯрди манфиатҳову тамаддунҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мубориза бар зидди гурӯҳои террористӣ фаъол бошему дониш, малака ва ҳастии худро баҳри рушду пешрафти кишварамон равона созем.
Инчунин дар вохӯрӣ, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии давлат нисбати ҷавонон, фароҳам овардани тамоми шароитҳо барои илмомӯзиву донишандӯзӣ, аз ҷумла аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва дар ин замина, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ низ пайваста дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои ҷавонон дар саросари кишвар ёдовар шуда, ҷавононро дастёру мададгори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори таъмини назму тартибот дар ҷомеа арзёбӣ кард.
Маркази матбуот ва таҳлили гурӯҳ.






