«10» октябри соли 2024 № 762 б/з ш. Душанбе
«Дар бораи Тартиби сарфароз гардонидани
ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи
мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо рутбаҳои махсус, ҳарбӣ ва барасмиятдарории он»
Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолият дар самти барасмиятдарорӣ ва сарфароз гардонидани ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои махсус ва ҳарбӣ тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 12 Низомномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №592 тасдиқ гардидааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
- Тартиби сарфароз гардонидани ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои махсус, ҳарбӣ ва
- барасмиятдарории он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Роҳбарони ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ Тартиби мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, иҷрои қатъии талаботи онро аз тарафи масъулини хадамоти кадрӣ таъмин намоянд.
- Ҳангоми сарфароз гардонидани ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои махсус ва ҳарбӣ ҷиҳати риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо тадбирҳои судманд андешида шаванд.
- Назорати иҷрои фармоиш ва Тартиби мазкур ба зиммаи раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
- Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ дар мувофиқа бо раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ Тартиби мазкурро барои таъмин намудани ҷузъу томҳои мақомот дар шакли китобча ба чоп расонад.
- Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2006, №94 б/з «Оиди тасдиқ намудани «Дастурамал дар бораи тартиби ба расмиятдарории маводҳо ҷиҳати сазовор гардонидан ба рутбаҳои махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит карда шавад.
- Фармоиши мазкур ба ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ эълон карда шавад.
Вазир
генерал-полковники милитсия Р. Раҳимзода
Замима
ба фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «10» октябри соли 2024, № 762 б/з
ТАРТИБИ
сарфароз гардонидани ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии
Тоҷикистон бо рутбаҳои махсус, ҳарбӣ ва барасмиятдарории он
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Тартиби сарфароз гардонидани ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои махсус, ҳарбӣ ва барасмиятдарории он (минбаъд-Тартиб) қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва сарфароз гардонидани ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаҳои махсус ва ҳарбӣ ба танзим медарорад.
- Рутбаи махсус – ин рутбаест, ки ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайати тағйирёбандаи муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ВКД) дар намуди муқаррарнамудаи «Низомномаи адои хизмат аз тарафи хайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.
- Рутбаи ҳарбӣ – ин рутбаест, ки ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи қӯшунҳои дохилии ВКД, инчунин ҳайати сарбозони қисмҳои ҳарбии қӯшунҳои дохилии ВКД дар намуди муқаррарнамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ сарфароз гардонида мешаванд.
- Рутбаҳои махсус ва ҳарбии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ба онҳое, ки ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ қабул гардидаанд, ё хизмат карда истодаанд, ё дар муассисаҳои таълимии ВКД ва хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд бо дарназардошти мансаби ишғолнамуда, таҳсилот, сифатҳои касбӣ ва дигар талаботе, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва «Низомномаи адои хизмат аз тарафи хайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардидаанд, ҳамчунин ба афсарони эҳтиётӣ ва шахсони уҳдадории ҳарбидошта мувофиқи рутбаҳои ҳарбиашон дода мешаванд.
- Дар сурати беасос ба таъхир андохтани муҳлати сарфароз гардонидан бо рутбаҳои махсус ва ҳарбӣ ва бинобар гузаштани муҳлати узрнок ҳангоми барасмиятдарории фармоиши рутба, муҳлати собиқа дар рутба аз лаҳзаи ба охир расидани муҳлати собиқа дар рутбаи дошта ҳисоб карда мешавад. Ҳолатҳои мазкур дар фармоиши рутба дарҷ карда мешаванд.
- Нисбати роҳбарон ва масъулини хадамоти кадрие, ки бе асос пешниҳоди кормандро барои сарфароз гардонидан бо рутбаи махсус ва ҳарбӣ ба таърих меандозанд,ҷазои интизомӣ пешбинӣ карда мешавад.