Search

Фармоиши ВКД ҶТ “Дар бораи Низомномаи судҳои шарафи ҳ/ш”

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«10» октябри соли 2024                                                     № 765 б/з

ш. Душанбе

Дар бораи «Низомномаи судҳои шарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ»

Бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, таҳкими риояи интизоми хизматӣ ва қонуният дар байни ҳайати шахсӣ, тарбияи кормандон бо роҳи таъсиррасонии ҷамъиятӣ, ташкил ва фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбати ҳама гуна рафтори зиддиҷамъиятӣ ва ғайриоинномавӣ аз тарафи кормандони ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо дастрасии моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 12 Низомномаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №592 тасдиқ гардидааст,

Ф А Р М О И Ш   М Е Д И Ҳ А М:

  1. Низомномаи судҳои шарафи ҳайати қаторӣ вароҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Сардорони ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ:  
  • омўзиши Низомномаи мазкур дар байни ҳайати шахсии ҷузъу томи мақомот ба роҳ монда шавад;                                                 
  • судҳои шарафи          ҳайати       қаторӣ            ва роҳбарикунандаи       мақомоти       корҳои           дохилӣ       тибқи  талаботи       Низомномаи мазкур       таъсис            дода    шуда, талаботи он қатъиян риоя ва иҷро карда шавад.      
  1. Ҳар нимсола то 25 июн ва 25 декабр маълумоти муфассал оид ба фаъолияти судҳои шараф ба раёсати                                      кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ барои таҳлил ва ҷамъбаст пешниҳод карда шавад.
  1. Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ риоя ва иҷрои талаботи Низомномаи мазкурро аз ҷониби ҷузъу томи мақомот назорат бурда, дар ташкили кори онҳо  ёрии амалӣ ва методӣ расонад.   
  1. Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ  дар мувофиқа бо раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ Низомномаи мазкурро барои таъмин намудани ҷузъу  томи мақомот ба чоп расонад.
  1. Фармони Вазорати корҳои дохилӣ аз 20 майи соли 2007, №320 б/з «Оиди тасдиқи Низомнома «Дар бораи судҳои шарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи  мақомоти корҳои дохилӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.        
  2. Фармоиши мазкур ба ҳайати шахсии дахлдори мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон  карда шавад. 

                     Вазир

 генерал-полковники милитсия                   Раҳимзода Р. Ҳ.

 

Замима ба фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз  “10”октябри соли 2024, 

№765 б/з 

             

Низомномаи судҳои шарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ

       1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

        1. Низомномаи судҳои шарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ (минбаъд-Низомнома) фаъолияти судҳои шарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаро дар ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда,  вазифаҳо, тартиби ташкил, тартиби баррасии мавод, чораҳои таъсиррасонӣ, тартиби шикоят овардан ба  қарори қабулнамудаи суд, иҷрои қарор ва тартиби пеш аз муҳлат бардоштани ҷазои таъиннамудаи судҳои шарафро муайян менамояд. 

2. Судҳои шарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ (минбаъд-судҳои шараф) ташкилотҳои ҷамъиятии интихобӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ буда, бо роҳи тарбия, боварикунонӣ ва таъсири афкори ҷамъиятӣ барои  пешгирӣ ва огоҳонии вайронкунии қонуният, интизоми хизматӣ ва иҷроия  созмон дода мешаванд ва дар асоси Низомномаи мазкур фаъолият мекунанд. 

  1. Судҳои шараф барои ҳимояи шаъну шараф ва обрую эътибори ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда даъват шуда, ба роҳбарон дар тарбияи ҳайати шахсӣ дар рўҳияи риояи қатъии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, ҳамчунин садоқат ба Савганд, мустаҳкам намудани фазои рўҳӣ-равонӣ дар байни ҳайати       шахсӣ      ёрии      амалӣ       расонида,      нисбати        вайронкунандагони           интизоми            хизматӣ,             иҷроия             ва қонуният фазои оштинопазир муҳайё месозанд. 
  2.  Роҳбариро аз болои фаъолияти кори судҳои шараф сардори ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилие, ки дар он суди шараф ташкил шудааст, амалӣ мегардонад.   

2.ВАЗИФАҲОИ СУДҲОИ ШАРАФИ ҲАЙАТИ ҚАТОРӢ ВА РОҲБАРИКУНАНДАИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ОНҲО

       5.Вазифаи асосии удҳои шараф ин дар рўҳияи ватандўстӣ, садоқат ба ватан ва савганд тарбия намудани ҳайати шахсии ҷузъу              томи мақомоти корҳои дохилӣ ва  пешгирии ҳамагуна вайронкунии интизоми хизматӣ, иҷроия ва қонуният, инчунин                          таъсири фардӣ-психологӣ  ба судшаванда ва пешгирии умумӣ нисбати дигарон мебошад.

  1. Ҷиҳати дида баромадани рафторҳои ношоям ва ҳамагуна вайронкунии интизоми хизматӣ, иҷроия ва қонуният аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ судҳои шарафи зерин ташкил мешаванд: – барои ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда – судҳои шарафи ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда; – барои ҳайати миёнаи роҳбарикунанда – судҳои шарафи ҳайати миёнаи роҳбарикунанда; – барои ҳайати калони роҳбарикунанда – судҳои шарафи ҳайати калони роҳбарикунанда.
  2. Судҳои шараф дар мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар онҳо на камтар аз 15 нафар ҳайати қаторӣ, хурд, миёна ва калони роҳбарикунанда адои хизмат мекунанд, ба муҳлати 1 сол ташкил карда мешаванд.
  3. Ҳангоми кам будани шумораи ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда дар ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ, бо қарори роҳбар ҳайати қаторӣ, хурд ва миёна дар интихоби суди шарафи ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилии наздик ё болоӣ иштирок менамоянд ва ин судҳо маводҳоро оид ба рафтори ношоям ва ҳамагуна вайронкунии интизоми хизматӣ, иҷроия ва қонуният аз ҷониби кормандони ҷузъу томи зикршуда баррасӣ намуда, дар чунин ҳолат дар ҳайати суд ҳатман на камтар аз як намояндаи ин ҷузъу томи мақомот тибқи пешниҳод интихоб мегардад.
  4. Судҳои шараф дар ҳайати на камтар аз панҷ нафар дар маҷлисҳои умумии: – ҳайати қаторӣ, хурд ва миёнаи роҳбарикунанда – барои ҳайати миёнаи роҳбарикунанда; – ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда – барои ҳайати миёнаи роҳбарикунанда; – ҳайати калон ва олии роҳбарикунанда – барои ҳайати калони роҳбарикунанда интихоб мегарданд.
  5. Ба судҳои шарафи ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда метавонанд то 2 нафар кормандони ҳайати миёна ё калони роҳбарикунанда ва ба судҳои шарафи ҳайати миёнаи роҳбарикунанда то 2 нафар ҳайати калони роҳбарикунанда интихоб гарданд.
  6. Шумораи аъзои суд аз ҷониби маҷлис то пешбарӣ ва интихоби номзадҳо муқаррар мегардад.
  7. Ба ҳайати суди шараф метавонанд шахсоне интихоб шаванд, ки дар ҳамин ҷузъу томи мақомот на камтар аз шаш моҳ кор карда, дар байни ҳайати шахсӣ соҳиби обру ва қобилияти бомуваффақият иҷро намудани вазифаҳои дар назди судҳои шараф гузошташударо доранд. Ҳар як аъзои суд бояд интизоми баланд зоҳир намуда, дар хизмат, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар зиндагӣ намунаи ибрат бошад.
  8. Сардори ҷузъу томи мақомот ва муовинони у ба ҳайати суди шараф интихоб карда намешаванд.
  9. Маҷлисҳоро оид ба интихоби судҳои шараф сардори дахлдор даъват мекунад. Агар дар маҷлис зиёда аз се ду ҳиссаи шумораи умумии ҳайати шахсӣ ширкат варзад, он комилҳуқуқ ба шумор меравад.
  10. Интихоби раис, муовин, аъзо ва котиби судҳои шараф бо роҳи овоздиҳии кушод гузаронида мешавад. Ба иштирокчиёни маҷлис ҳуқуқи пешниҳод ва эътирози ҳар як номзад дода мешавад. Масъалаи эътироз бо аксарияти овозҳо ҳал карда шуда, номзадҳое, ки аксарияти овозҳоро гирифтаанд, ба ҳайати суди шараф интихобгардида ба шумор мераванд.
  11. Натиҷаи интихоби ҳайати судҳои шараф бо протоколи ҷаласаи умумии ҳайати шахсии ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ тасдиқ карда мешавад. 17. Судҳои шараф ҳар сол дар маҷлисҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ки ин судҳоро интихоб намудаанд, дар бораи фаъолияти худ ҳисобот медиҳанд.
  12. Маҷлисҳои умумӣ аъзои суди шарафро, ки сазовори боварӣ нагардидаанд, метавонад бозхонд кунанд. Масъалаи бозхонд бо роҳи овоздиҳии кушод ҳал карда мешавад. Интихоби аъзои нави суд, аз ҷумла бо сабаби ба мақомот ё минтақаи хизматии дигар гузаштани аъзои он, мувофиқи тартиби пешбинишудаи Низомномаи мазкур амалӣ карда мешавад.

 

  1. МАВОДЕ, КИ АЗ ҶОНИБИ СУДҲОИ ШАРАФ БАРРАСӢ МЕШАВАНД 19. Дар маҷлиси судҳои шараф ҳолатҳои зерини вайронкунии интизоми хизматӣ, иҷроия ва қонуният мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:

– рафторе, ки обрую нуфузи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилиро бадном мекунад;

– муносибати бевиҷдононаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда нисбати иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои хизматӣ; – рафтори ношоями ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда дар оила ва иҷро накардани вазифаҳо дар таълиму тарбияи кудакон; – риоя накардани мартабот ва қоидаи пушидани либоси низомӣ; – муоширату муносибати дағалона бо кормандон ва шаҳрвандон; – дигар ҳуқуқвайронкуниҳое, ки агар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тартиби дигари баррасии онҳоро муайян накарда бошанд.

  1. Судҳои шараф ҳуқуқи баррасии маводеро, ки дар асоси онҳо кормандон барои кирдорашон ҷазои интизомӣ гирифтаанд, надорад.

 

  1. ТАРТИБИ БАРРАСИИ МАВОД АЗ ҶОНИБИ СУДҲОИ ШАРАФ
  2. Мавод аз ҷониби суди шараф бо қарори сардори мақомот баррасӣ мешаванд. Сардор метавонад бо ташаббуси шахсии худ, дар асоси маълумоти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аризаи зарардида ё бо пешниҳоди суди шараф қарор қабул кунад.

22.Суди шараф зимни баррасии мавод метавонад аризаҳои воридгаштаро, ки бо баррасии ин мавод алоқаманд мебошанд, санҷиш кунад. Санҷишро метавонад раиси суд ё бо супориши у яке аз аъзои суд, ки роҳбари шахси судшаванда набошад, иҷро кунад.

  1. Ҳангоми зарурат суд метавонад аз судшаванда, аризадиҳанда, ҷабрдида, шоҳид ва дигарон баёноти иловагӣ гирад.
  2. Санҷишгар метавонад бо парвандаи шахсии судшаванда шинос шуда, аз он ҷо маводи лозимиро, ки барои ҳалли масъала заруранд, гирад. Ҳолати бори аввал суд шудани корманд ё такроран содир намудани ҳолати корро маълум намояд.
  3. Суд метавонад аз шахсони дахлдори мансабдор ҳуҷҷатҳои заруриро (ариза, маводи санҷишҳо, тавсиянома ва ғайра) дархост ва ба мавод ҳамроҳ намояд.
  4. Шахс ва гуруҳи санҷишие, ки санҷиш бурдааст аз руйи натиҷаҳои он хулоса бароварда, дар он вазъи воқеии мавод, сабабҳои содир намудани рафтори ношоям, маълумотро дар бораи шахсияти судшаванда зикр мекунад.
  5. Аз натиҷаи санҷиш ва хулосаи баровардашуда судшаванда, аризадиҳанда ва ҷабрдида шинос карда мешаванд. Баъд аз шиносоӣ бо ҳамаи мавод судшаванда, аризадиҳанда ва ҷабрдида ҳуқуқ доранд аз раиси суд оид ба санҷиши иловагии далелҳои алоҳида дар бораи талаб кардани ҳуҷҷатҳо ва даъвати шоҳидон дархост кунанд. Ҳангоми рад кардани чунин дархост раиси суд бояд сабаби онро зикр намояд.
  6. Рад намудани ҳалли дархости зикршуда аз ҷониби раиси суд, ҳуқуқи судшаванда, аризадиҳанда ва ҷабрдидаро дар бораи бори дигар арз кардани ин дархостҳо ҳангоми кушодашавии суд ё дар рафти он маҳрум намекунад.
  7. Суди шараф маводро дар давоми 15 руз аз лаҳзаи воридшавии он ба суд баррасӣ мекунад. Вақт ва ҷойи маҷлиси суд аз ҷониби раиси суд дар мувофиқа бо сардор муайян мегардад ва ба ҳайати шахсӣ эълон карда мешавад. Даъвати шахсоне, ки иштироки онҳо дар суд зарур аст, аз ҷониби раиси суд тавассути сардорони дахлдор амалӣ карда мешавад.
  8. Суди шараф маводро дар ҳузури судшаванда баррасӣ мекунад ва дар маҷлиси суди шарафи: – ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда – метавонанд ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда иштирок кунанд; – ҳайати миёнаи роҳбарикунанда – метавонанд ҳайати калон ва олии роҳбарикунанда иштирок кунанд; – ҳайати калони роҳбарикунанда – танҳо ҳайати калон ва олии роҳбарикунанда иштирок кунанд.
  9. Суди шараф маводро дар ҳайати на камтар аз се аъзои суд (шумораи онҳо бояд тоқ бошад) баррасӣ мекунад. Дар маҷлиси суд раиси суди шараф ё муовини у ва ҳангоми набудани онҳо яке аз аъзои суд раисӣ мекунад.
  10. Агар раисикунанда ва аъзои суд аз натиҷаи баррасии мавод бевосита ё бавосита манфиатдор бошанд, дар баррасии мавод иштирок карда наметавонанд. Дар ин ҳолат онҳо бояд худрадкунӣ эълон кунанд. Ғайр аз ин, судшаванда, аризадиҳанда ва ҷабрдида метавонанд ба ҳар як аъзои суд раддия баён кунанд. Масъалаи қонеъ намудани раддия ё рад кардани он аз ҷониби ҳайати суде, ки маводи мазкурро баррасӣ мекунад, ҳал карда мешавад.
  11. Баъд аз кушодашавии маҷлис, раисикунанда дар ҳозир шудани шахсиятҳои ба суд даъватшуда боварӣ ҳосил намуда, ба судшаванда, аризадиҳанда ва ҷабрдида ҳуқуқҳояшонро дар маҷлиси судӣ фаҳмонда, фикрашонро нисбати раддия ва дархост доштан ба ҳайати судӣ мефаҳмад.
  12. Ҳангоми баррасии мавод котиб протоколи маҷлисро мебарад, ки дар он ғайр аз маълумот дар бораи ҳайати суд, хусусияти мавод, вақту ҷойи баррасии он, инчунин рафти суд дар пайдарҳамӣ, мундариҷаи кутоҳи шарҳу баромадҳо, дархостҳои арзшуда ва қарорҳои қабулкардаи суд бояд зикр гарданд.
  13. Протоколи маҷлиси суд аз ҷониби раискунанда ва котиби суд ба имзо расонида мешавад (замимаи 1).
  14. Судшаванда ҳуқуқ дорад дар таҳқиқи далелҳо иштирок кунад ва дархост пешниҳод намояд. Баъди ҳалли радия ва дархостҳо раисикунанда асли рафтори ношоям ва натиҷаи санҷиши гузаронидашударо баён мекунад. Баъд суд баёноти судшаванда, аризадиҳанда, ҷабрдида ва шоҳидонро шунида, ҳуҷҷатҳои зарурие, ки ба ҳолати кор тааллуқ дорад, баррасӣ мекунад. Иштирокчиёни маҷлис бо иҷозати суд метавонанд аз руйи қазияи баррасишаванда савол диҳанд ва баромад кунанд.
  15. Ҳангоми бесабаб ҳозир нашудани судшаванда суд метавонад нисбати у дар ғойибиаш ҷазо татбиқ намояд. Дар ин ҳолат маълумотнома тартиб дода шуда, ба мавод ҳамроҳ карда мешавад.
  16. Агар ҳангоми баррасии мавод ҳолатҳое маълум шаванд, ки дар бораи дар ҳаракати (беҳаракатӣ) шахс мавҷуд будани аломатҳои таркиби ҷиноят гувоҳӣ диҳанд, суд аз руйи моҳияти мавод қарор набароварда, ба сардор дар бораи ба мақомоти тафтишотӣ равон кардани мавод дархост пешниҳод мекунад.
  17. Дар ҳолати мавҷуд набудани асос барои гунаҳгор донистани судшаванда суд бегуноҳии уро исбот мекунад ва ин дар қарор зикр мегардад.
  18. Дар ҳолате, ки дар маҷлиси судӣ даъвои ҷабрдида нисбати судшаванда тасдиқ намегардад ва туҳмат ё қасд будани муроҷиати ҷабрдида маълум мегардад, суд метавонад нисбати ҷабрдида ё даъвогар чораҳои интизомӣ пешниҳод намояд.
  19. Ҳангоми баррасии даъвоҳои молӣ суди шараф талабҳои изҳоршударо қонеъ ё рад мекунад, ё бо оштӣ додани баҳскунандагон маводро қатъ мекунад ё ба шахсони манфиатдор ҳуқуқҳои онҳоро барои бо даъво ба таври хусусӣ ба мақомоти судӣ муроҷиат намудан фаҳмонда медиҳад.
  20. Баъди анҷоми баррасии мавод суд барои баровардани қарор ба машварат меравад.
  21. Ҳангоми зарурат барои дастрас намудани далелу маълумоти иловагӣ суд оид ба моҳияти кирдор қарор набароварда, ҳуқуқ дорад маҷлисро аз нав оғоз кунад ё ба вақти дигар гузаронад. Қарори суди шараф бо овози аксарияти аъзои суд қабул карда шуда, дар он вақту ҷойи баррасии мавод, номгуй ва ҳайати суд, маълумот дар бораи судшаванда, моҳияти кирдор, асосҳои қарор ва далелҳо, чораи ҷазо ё қарор дар бораи исботи бегуноҳӣ, ки аз ҷониби суд муайян шудааст, инчунин муҳлат ва тартиби шикоят овардан баён мегардад.
  22. Қарор аз ҷониби раисикунанда ва аъзои суд то эълон дар маҷлиси суди шараф қабул карда мешавад (замимаи 2). Агар ягон аъзои суд бо қарори қабулшуда розӣ набошад, онро қайд карда, метавонад фикри шахсии худро баён кунад, ки он эълон карда намешавад, вале ба мавод ҳамроҳ карда мешавад.
  23. Дар рафти баррасии мавод суди шараф сабабу шароитҳои содир намудани кирдори ношоям, ки ба он мусоидат намудаанд, муайян мекунад ва онҳоро ба маълумоти роҳбарияти ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ мерасонад. 46. Қарори суди шараф дар маҷлиси суд эълон шуда, ба маълумоти сардори мақомот, ки дар он суд созмон дода шудааст ва ба сардори хадамоти шахси судшуда расонида мешавад.
  24. Бо салоҳияти сардор қарори суди шараф нисбати ҳайати қаторӣ, хурд, миёна ва калони роҳбарикунанда метавонад дар маҷлисҳои дахлдор ё дар саф эълон карда шавад. Моҳияти кирдори ношоям ва қарори суди шараф берун аз мақомоти корҳои дохилӣ бароварда намешавад.

48.Маводи баррасишуда дар котиботи мақомоте, ки дар он суд ташкил шудааст, то адо кардан ё қатъ кардани чораи ҷазо нигоҳ дошта шуда, баъд дар асоси санад нобуд карда мешавад. Дар ҳолати ба ҷойи дигари хизмат гузаштани ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунанда мавод ба ҷойи нави хизмати у равон карда мешавад.

 

  1. ЧОРАҲОИ ТАЪСИРРАСОНИЕ, КИ АЗ ҶОНИБИ СУДҲОИ ШАРАФ ТАТБИҚ МЕГАРДАНД

 

  1. Суди шараф ҳангоми баррасии мавод ва қабули қарор талаботи қонунгузории амалкунанда, Низомномаи мазкур ва дарки масъулияти қарзи ҷамъиятӣ ва хизматии худро зери роҳбарӣ қарор медиҳад.
  2. Суд ҳангоми қабули қарор бояд хусусият, ҳолат ва оқибатҳои содир шудани рафтори ношоям, рафтору интизоми пештара, ҳолатҳои вазнинкунанда ва сабуккунанда, таҷрибаи хизматию ҳаётӣ ва дигар ҳолатҳое, ки судшавандаро тавсиф медиҳанд, ба назар гирад.
  3. Суди шараф гуноҳи судшавандаро муқаррар намуда, метавонад дар бораи татбиқ намудани яке аз чораҳои ҷазои интизомии зерин қарор барорад: – огоҳии рафиқона; – сарзаниши ҷамъиятӣ; – танбеҳи ҷамъиятӣ; – танбеҳи қатъии ҷамъиятӣ; – пешниҳод дар бораи маҳрум кардан аз нишони сарисинагии мақомоти корҳои дохилӣ; – пешниҳод дар бораи аз мансаб озод намудан; – пешниҳод дар бораи як зина паст кардани рутбаи махсус; – пешниҳод дар бораи хориҷ кардани курсант, рекрут ва шунаванда аз муассисаи таълимӣ; – пешниҳод дар бораи аз хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ озод кардан.
  4. Новобаста аз қарори қабулкарда, суд метавонад гунаҳгорро вазифадор созад, ки дар муҳлати муайян зарари молии расонидаашро барқарор кунад.

 

  1. ҲОЛАТҲОИ САБУККУНАНДА ВА ВАЗНИНКУНАНДАИ ЧОРАҲОИ ТАЪСИРРАСОНӢ
  2. Дар ҳолатҳои зерин суди шараф метавонад чораи ҷазо нисбати судшаванда қабул накарда, бо муҳокима маҳдуд шавад: – агар софдилона аз кирдори худ пушаймон шавад; – аз ҳайати шахсӣ ва ҷабрдида узр пурсад; – ихтиёран зарари молии расонидаашро ҷуброн намояд.
  3. Дар ҳолатҳои зерин суди шараф метавонад чораи ҷазо нисбати судшавандаро вазнин татбиқ намояд:

– бе сабабҳои узрнок дар баррасии суди шараф ҳозир нашавад;

– тартиботро дар суд риоя накунад;

– зарари молии расонидаашро қасдан ҷуброн накунад;

– мартаботро риоя накунад.

 

  1. ТАРТИБИ ШИКОЯТ ОВАРДАН ВА ИҶРОИ ҚАРОРИ СУДИ ШАРАФ
  2. Қарори суди шараф баъди 7 руз ба қувваи қонунӣ медарояд ва дар давоми 7 рузи баъди баровардани он судшаванда, аризадиҳанда ва ҷабрдида метавонад шикоят намояд. Шикоят бевосита ба сардори мақомоте, ки дар он суд ташкил шудааст, дода мешаванд.
  3. Шикоят дар давоми 7 руз баррасӣ гардида, дар мавриди зарурат, гузаронидани санҷиш то 15 руз анҷом дода мешавад. Дар бораи қарори қабулшуда ба аризадиҳанда ба таври хаттӣ хабар дода мешавад.
  4. Агар сардори мақомоте, ки дар он суд ташкил шудааст, зимни санҷиши шикоят ё худ муайян кунад, ки қарори суд хилофи қонунгузорӣ, Низомномаи мазкур ё ҳолати мавод мебошад, бо истифода аз далелҳо қарорро бекор сохта, ҳуҷҷатҳоро барои баррасии нав ба суд равон мекунад ё маводро қатъ менамояд.
  5. Қарори суд дар бораи руёнидани товони зарари расонидашуда аз ҷониби судшуда дар муҳлати дар қарор зикршуда бояд иҷро карда шавад. Ҳангоми дар муҳлати муқарраршуда иҷро накардани қарори суд, ҷабрдида метавонад ба мақомоти суди ноҳиявӣ (шаҳрӣ) муроҷиат намояд.
  6. Ҳангоми аз ҷониби суди шараф ворид гардидани пешниҳод дар бораи маҳрум кардан аз нишони сарисинагии мақомоти корҳои дохилӣ, аз мансаб озод кардан, як зина паст кардани рутбаи махсус, хориҷ кардан аз муассисаи таълимӣ ё аз хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ озод кардан, сардори мақомот дар муҳлати як моҳ дар ҳудуди ҳуқуқҳои ба у додашуда мустақилона қарор қабул мекунад ё ба сардори болоӣ қарори судро бо хулосаи худ мефиристад.
  7. Қарор аз руйи пешниҳод дар бораи ба мансаб ё рутбаи поёнтар гузаронидан, дар бораи аз муассисаи таълимӣ хориҷ кардан, аз хизмат озод намудан, дар муҳлати як моҳ аз лаҳзаи ворид шудани дархости суди шараф, аз ҷониби ҳамон сардоре қабул карда мешавад, ки ба у чунин ҳуқуқ дода шудааст. Қарори сардороне, ки салоҳияти дар муҳлати як моҳ ҳал кардани ин масъалаҳоро доранд, бояд тавассути сардори мақомоте, ки дар он суд ташкил шудааст, ба маълумоти ҳайати шахсӣ расонида шавад.
  8. Қарори суди шараф дар бораи чораи ҷазо, ки дар Низомномаи мазкур зикр шудааст, ба муҳлати як сол амал мекунад. Агар дар вақти муайяншуда корманди ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунанда кирдори ношоям содир накарда бошад, он гоҳ чораи нисбати у қабулкардаи суд бардошташуда ба ҳисоб меравад.
  9. Ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандае, ки бо қарори суди шараф ба мансаби поёнтар гузаронида шудаанд, рутбаашон паст карда шудааст ё аз муассисаи таълимӣ хориҷ шудаанд, баъд аз он, ки чораи ҷазои татбиқшуда бо қарори суди шараф бардошта мешавад ё бо гузаштани муҳлати як сол метавонанд ба мансаби болоӣ таъин, дар рутбаи махсуси пешина барқарор шаванд ё ба муассисаи таълимӣ аз руйи асосҳои умумӣ қабул гарданд.
  10. Нисбати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ки бо пешниҳоди суди шараф аз хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ озод шудаанд, гузаштани муҳлати ҷазо ё бардоштани чораи ҷазои зикршуда боиси барқарор кардани онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва инчунин тағйир додани асоси озодкунӣ намегардад.
  11. Нусхаи қарори суди шараф ба парвандаи шахсии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ҳамроҳ карда мешавад.
  12. Аз натиҷаи баррасии қарори қабулнамудаи суди шараф ба сохторе, ки маводро барои баррасӣ ирсол намудааст, дар муҳлати муқарраршуда маълумоти хаттӣ бо замимаи фиттаи сабти рафти ҷаласаи суди шараф равон карда мешавад.

 

  1. ТАРТИБИ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ БАРДОШТАНИ ҶАЗОИ ТАЪИННАМУДАИ СУДИ ШАРАФ
  2. Суди шараф ҳуқуқ дорад, ки дар маҷлиси худ чораи ҷазои истифодашударо пеш аз муҳлат бекор созад, дар мавриде, ки судшуда рафтори намунавӣ ва муносибати софдилонаи хизматӣ дошта бошад, лекин на пештар аз шаш моҳ.
  3. Қарор дар бораи баррасии масъалаи пеш аз муҳлат бардоштани ҷазои таъиннамуда дар маҷлиси суди шараф аз ҷониби сардори мақомоте, ки суд бо пешниҳоди у маводро баррасӣ намудааст, аз руйи дархости маҷлиси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ки аз ҷониби сардор дастгирӣ ёфтааст, дар асоси аризаи шахси судшуда ё бо ташаббуси суди шараф қабул мешавад. Қарори суд оид ба пеш аз муҳлат бардоштани чораи ҷазо ба маълумоти ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда мувофиқи тартиби Низомномаи мазкур расонида мешавад.

 

  1. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
  2. Масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

 

Фармоиши ВКД ҶТ “Дар бораи Низомномаи судҳои шарафи ҳ/ш”