18 майи соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазирони корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии дуюми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ оғоз бахшида, таҳияи тадбирҳои муштарак оид ба муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллиро муҳим арзёбӣ намуд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкили чорабинӣ изҳори сипос намуда, иброз намуд, ки масъалаҳои муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ барои минтақа аҳамияти махсус пайдо кардааст. Хатарҳо вобаста ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм аз мо тақозо мекунанд, ки тадбирҳои амниятиро пайваста тақвият дода, ҳамкориҳои байналмилалиро густариш диҳем.
Дар идома оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, интиқоли фаромарзии он, мубориза бо паҳншавии онлайнии воситаҳои нашъадор тавассути платформаҳои интернетӣ ва мессенҷерҳо, инчунин, такмили технологии механизмҳои ҳамкории байналмилалӣ ва мубориза бо киберҷиноятҳо ибрози андеша карда шуд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро инчунин дар бораи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятӣ ибрози назар карда, изҳор дошт, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ ва баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар робита ба ин иштирокчиёни чорабинӣ тавсеаи минбаъдаи барномаҳои муштарак ҷиҳати боз ҳам бештар ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ, таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур шумориданд.
Дар анҷом, бо боварӣ изҳор карда шуд, ки тавофуқоти дар ҷараёни вохӯрӣ ба даст омада, ба ҳамкориҳои муштарак дар самти таъмини амният ва субот мусоидат мекунад.
Чорабинӣ бо иштироки вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин»



