29-уми апрел дар варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, миёни кормандони сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои Дастгоҳи марказии ВКД мусобиқаи бандкашӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа кормандони милитсия маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, бо ҳарифони худ сабқат намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат миёни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Тавре масъулини Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД иброз доштанд, мақсади асосии ин сабқат дар сатҳи олӣ таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки минбаъд низ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани рӯҳияи кормандон чунин мусобиқаҳо роҳандозӣ карда мешаванд.
Дар мусобиқаи бандкашӣ 12 даста бо ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа, дастаи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД сазовори ҷойи аввал гардида, Ҷоми мусобиқаро ба даст овард.
Зинаи дуюм насиби кормандони Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД гардид. Ду ҷойи сеюмро бошад, намояндагони Раёсати амнияти дохилӣ ва Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД ишғол намуданд.
Дар хотима ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқа туҳфаҳои хотиравӣ, ҷом, медал ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Т. Латипов




