Search

Мусобиқаи тирпарронӣ байни кормандзанони ҷузъу томи Дастгоҳи марказӣ, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷузъу томи он ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

         Бахшида ба таҷлили “Рӯзи Модар” санаи 28 феврали соли 2025 дар раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси  ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи тирпарронӣ байни кормандзанони Дастгохи марказии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷузъу томи он ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

       Дар чорабинии мазкур 92 нафар кормонд-занон 46 нафар аз тапончаи тамғаи “Макаров” ва 46 нафар аз тапончаи тамғаи “Глок-17” иштирок намуданд.

       Мусобиқа дар се марҳила баргузор гардид, ки марҳилаи якуми мусобиқа тибқи низомнома ҳар як корманзан бо панҷ дона тир дар ҳолати росто истода дар масофаи 25 метр маҳорати худашонро нишон доданд.

       Марҳилаи якум аз тарафи раиси ҳакамон, подполковники милитсия Довудзода Сафарали  Давлат – муовини сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни ҳакамон подполковники милитсия Шарофиддинзода Ҳукмиддин Шарофиддин – сарнозири шуъбаи таълим-тайёрии кадрҳо ва сафарҳои хориҷии раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Латиф Муҳиб Лоҷварбек – сардори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Юсупов Зафар Хурсандович – сардори шуъбаи тайёрии ҷангӣ ва махсуси раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси  ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагон аз раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шурои ҷумҳуриявии “Динамои”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамбаст гардид.

      Кормандзаноне, ки худро хуб нишон доданд, ба марҳилаи 2-юми мусобиқа роҳ ёфтанд.

     Дар марҳилаи 2-юми мусобиқа 11 нафар аз тапончаи тамғаи “Макаров” ва 11 нафар аз тапончаи тамғаи “Глок-17” бо се донаги тир дар масофаи 25 мерт росто иштирок намуданд ва марҳилаи мусобиқаи мазкур ҷамбаст гардида, ба марҳилаи сеюми мусобиқа барои дарёфти ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм беҳтаринҳо роҳ ёфтанд.

      Дар марҳилаи сеюми мусобиқа 7 нафар аз тапончои тимғаи “Макаров” ва 7 нафар аз тапончои тамғаи “Глок-17” дар масофаи 25 метр дар ҳолати росто истода бо се донаги тир иштирок намуданд.

       Дар ҷамбасти мусобиқа ҷойҳои ифтихорӣ аз тапончаи тамғаи “Макаров” муайян гардиданд:

      Ҷойи якум ба лейтенанти калони милитсия Ғафорзода Зулҳиҷа Ҷурабек – тирандоз – снайпери калони гурӯҳи 2-юми таъиноти махсуси ротаи 1-уми таъиноти махсуси дастаи таъиноти махсуси раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      Ҷойи дуюм ба лейтенанти калони милитсия Бобоева Шаҳзода Мирзораҷабовна – нозири калони шуъбаи кор бо ҳайати шахсии  раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      Ҷойи сеюм ба капитани милитсия Айнуддинзода Шамида Айнуддин – сардори кабинети кафедраи пешгирии ҷиноятҳои терористӣ ва таъмини бехатарии ҷамиятии факултети №6  Акдемияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва старшинаи хизмати дохилӣ Давлатзода Фируза Суҳроб – нозири гурӯҳи кадрҳои раёсати тиббии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

       Инчунин аз тапончаи тамғаи “Глок-17” чойҳои ифтихорӣ муаян гардиданд:

       Ҷойи якум ба капитани  милитсия Маҳмадализода Нигора Сайдалӣ – нозири калон оиди кор бо кадрҳо гурӯҳи кадрҳои  дастаи таъиноти махсуси раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;

         Ҷойи дуюм ба капитан Бобоназарзода Азиза Юлдош – афсари калони мергании гуруҳи 3-юми шуъбачаи мергании қисми харбии 3505-и раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;

          Ҷойи сеюм ба   майори хизмати дохилӣ Давлатзода Рухшона Саидумар –   нозири шуъбаи кор бо ҳайати шахсии раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва майор Қурбонова Ҷумагул Сироҷиддиновна – афсари калон – коргузори қисми махфии раёсати қӯшунҳои дохилии  ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

          Барои мусобиқаи мазкур аз тарафи роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иштироки фаъолона, кормандзанони дар мусобиқаи  тирпарронӣ иштирок намуда ҳавасманд гардонида мешаванд.

Шарофиддинзода Ҳ. Ш.

 

 

Мусобиқаи тирпарронӣ байни кормандзанони ҷузъу томи Дастгоҳи марказӣ, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷузъу томи он ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ