Бо дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорат ва бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи касбӣ, омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санъати суханварӣ ва забонҳои хориҷӣ барои муовинони сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва қисми минтақаи РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб дар самти хизмат ва кор бо ҳайати шахсӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида карда шудаанд.
Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа гузаронида шуда, баъд аз анҷоми он дар ҳузури Комиссияи босалоҳияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши иловагӣ қабул карда шуд.
Кормандоне, ки дар санҷишҳои назариявӣ комёб гардиданд бо қарори комиссия ва дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорат ба минтақаҳои хизматии худ сафарбар карда шуданд.
Курсҳои такмили ихтисос, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва самаранокии фаъолияти хизматии кормандони самтҳои хизмат ва кор бо ҳайати шахсӣ равона карда шудаанд, минбаъд низ марҳила ба марҳила идома дода хоҳад шуд.



