Search

Марҳилаи навбатии курсҳои такмили ихтисос дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малака ва сатҳи касбияти роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, омузиши забонҳои хориҷӣ курсҳои такмили ихтисос бо иштироки сардорони шуъбаҳои ВКД, муовинони сардорони шуъба оид ба самти оперативӣ ва сардорони шуъбаю шуъбачаҳои кофтукови ҷиноятӣ ва маводи мухаддир дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Пас аз ба анҷом расидани курсҳои такмили ихтисос аз ҷониби комиссияи босалоҳият санҷиш гузаронида шуда, ба иштирокчиёне, ки аз санҷиш гузаштанд сертификат дода шуд.

Кормандоне, ки аз санҷишҳо нагузаштанд курсҳои иловагии такмили ихтисос ташкил карда шуда ҳамаи онҳо иловатан ба курсҳо ҷалб карда хоҳанд шуд.

Курсҳои такмили ихтисос дар ин самт марҳила ба марҳила идома дода хоҳад шуд.