Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи касбӣ, омузиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санъати суханварӣ ва забонҳои хориҷӣ барои муовинони сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва қисми минтақаи РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кулоб дар самти хизмат ва кор бо ҳайати шахсӣ дар заминаи факультети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябр то 10 декабри соли 2025 курсҳои такмили ихтисос ташкил карда шудаанд.
Курсҳои такмили ихтисос бо ҷалби мутахассисони соҳа гузаронида шуда, дар баробари ин, баҳри баланд бардоштани истеъдоди суханварӣ мутолиаи китобҳои бадеӣ низ ба роҳ монда шуда, баъд аз анҷоми он дар ҳузури Комиссияи босалоҳияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш қабул карда шуд.
Кормандоне, ки аз санҷишҳои назариявӣ нагузаштанд тибқи протоколи комиссия курсҳои такмили ихтисос барои онҳо идома дода шуда, танҳо баъд аз омодагии пурра ба минтақаҳои хизматї сафарбар карда мешаванд.
Курсҳои такмили ихтисос баҳри баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматии кормандони самти хизмат ва кор бо ҳайати шахсӣ, баҳри васеъ намудани ҷаҳонбинї ва маърифати ҳуқуқӣ, инчунин мутолиаи китобҳои бадеӣ равона карда шуда, минбаъд марҳила ба марҳила идома дода хоҳад шуд.




