Search

Марҳилаи навбатии курсҳои такмили ихтисос дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорат ва бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи касбӣ, омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санъати суханварӣ ва забонҳои хориҷӣ барои муовинони сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида карда шудаанд.

Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа гузаронида шуда, баъд аз анҷоми он дар ҳузури Комиссияи босалоҳияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши  иловагӣ қабул карда шуд.

Кормандоне, ки дар санҷишҳои назариявӣ комёб гардиданд бо қарори комиссия ва дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорат ба минтақаҳои хизматии худ сафарбар карда шуданд.

Курсҳои такмили ихтисос, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва самаранокии фаъолияти хизматии кормандони самтҳои хизмат ва кор бо ҳайати шахсӣ равона карда шудаанд, минбаъд низ марҳила ба марҳила идома дода хоҳад шуд.

 

Марҳилаи навбатии курсҳои такмили ихтисос дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикнома