Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, савияи дониш, санъати суханварӣ ва огоҳи пайдо намудан аз таъриху тамаддуни тоҷикон дар Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии вазорат санҷиши мутолиаи китобҳои бадеӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд китоб як рукни муҳими тамаддуни башар ва ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ин ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ намуда, ба наслҳои оянда ҳамчун мерос барои рушди камолоти маънавии онҳо боқи мегузоранд.
Дар ҳақиқат китоб калиди дари кошонаи маърифат, асоси хираду заковат, ганҷинаи бебаҳои фарҳангу нури зиё буда, тарғибгари шодиву ободии халқият ба шумор меравад.
Аз ин ҷост, ки ниёгони бузурги халқи тоҷик китобро ҷавшани ҷон, чароғи роҳнамо ва фурӯғи субҳи доноӣ хондаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинӣ, пайдо намудани чеҳраҳои нави суханвару сухандон, огоҳи падо намудан аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва иҷрои талаботи бандҳои дахлдори Протоколи ҷаласаи селектории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2025, ба тамоми ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ супоришот вобаста ба мутолиаи адабиёти бадеӣ ирсол карда шудааст.
Дар ин замина, дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 рӯзи мутолиаи китобҳои бадеӣ эълон гардида, дар асоси он рӯзҳои 10-12 феврали соли 2026 санҷиш аз рӯи китобҳои мутолиагардида аз ҷониби муовинони сардорони раёсатҳо ва сардорони шуъбаҳои Дастгоҳи марказии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди комиссияи босалоҳияти вазорат гузаронида шуда, роҳбарони раёсатҳои ҷузъу томи вазорат баромад аз рӯи китобҳои мутолиагардида дар назди ҳайати шахсӣ дар толори асосии вазорат барпо карда шуд.
Мутолиаи китобҳои бадеӣ, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, савияи дониш, санъати суханварӣ ва огоҳи пайдо намудан аз таъриху тамаддуни тоҷикон равона карда шудааст, марҳила ба марҳила идома дода хоҳад шуд.






