Search

Марҳилаҳои навбатии курсҳои такмили ихтисос дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ барои ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорат ва бо назардошти муракабшавии вазъи криминогенӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва пайдоиши шаклҳои нави ҷинояткорӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, савияи дониш, маҳорату малакаи касбӣ, омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санъати суханварӣ ва забонҳои хориҷӣ дар Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии вазорат давраҳои навбатии курсҳои кӯтоҳмуддат барои сардорони шуъбаҳои раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ, сардорони шуъбаҳои ВКД, муовинони сардорони шуъба оид ба самти оперативӣ, сардорони шуъбаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон ва сардорони шуъбаю шуъбачаҳои кофтукови ҷиноятӣ ташкил ва гузаронида шудаанд.

Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ бо ҳалби мутахассисони соҳа гузаронида шуда, баъд аз анҷоми он дар ҳузури Комиссияи босалоҳияти вазорат бо роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо санҷиши  назариявӣ қабул карда шуд.

Кормандоне, ки дар санҷишҳои  назариявӣ комёб гаштанд соњиби сертификат гардида, бо қарори комиссия барои идомаи хизмат ба минтақаҳои хизматии худ сафарбар карда шуданд.

Курсҳои такмили ихтисос, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва самаранокии фаъолияти хизматии кормандони ниҳодҳои оперативӣ равона карда шудаанд, марҳила ба марҳила дар давоми соли 2026 идома дода хоҳанд шуд.