Тарбия ва камолоти ҷисмонӣ ва маънавию рӯҳии кӯдакон яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти давлату ҳукумат буда, дар ин самт барномаю стратегияҳои гуногунсоҳавӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Бо ин мақсад, баҳри тақвият бахшидани вазъи саломатӣ ва маънавию рӯҳии фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ роҳбарияти ВКД иқдом гирифтааст, ки дар ин самт низ саҳми худро гузорад.
Роҳбарияти ВКД бо ташаббуси худ аз 29-уми июл то 9-уми августи соли 2025 35 нафар фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилиро барои истироҳат ба истироҳатгоҳи кӯдаконаи тобистонаи «Барқчиён», ки дар ҳудуди хушманзараи ноҳияи Варзоб ҷой гирифтааст, ирсол намуданд. Муддати 12 рӯз фарзандони кормандони мақомот ба таври ройгон дар истироҳатгоҳи тобистонаи қайдгардида ба истироҳат фаро гирифта шуда, барои онҳо шароиди хуби истироҳатӣ муҳаё карда шуд.
Дар истироҳатгоҳи мазкур, ки боду ҳавои хуб, минтақаи ҷойгиршавӣ ва дигар инфраструруктураи хуби истироҳатӣ дар он ташкил карда шудааст, фарзандони кормандон бо як шавқу ҳаваси баланд истироҳат намуданд. Дар он намудҳои гуногуни бозиҳои шавқовар, аз қабили шиноварӣ, футбол, волейбол, тениси рӯи мизӣ, шоҳмот ва дигар намуди бозиҳо ташкил карда шуда, хӯрокиҳои гуногуни дорои ғизои солим низ фароҳам оварда шуд.
Волидайни кӯдакон аз ин иқдоми роҳбарияти вазорат шод гардида, аз қалби дил миннатдории худро изҳор намуданд. Дар нақша аст, ки чунин ташаббускориҳо аз ҷониби роҳбарияти ВКД минбаъд боз ҳам тақвият хоҳад дода шуд.





















