Search

    Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустучӯӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша-супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-чустучӯӣ барои сардорон муовинони сардори ШВКД оид ба корҳои оперативӣ ва сардорони шуъбачаҳои кофтукови ҷиноятии шаҳру ноҳияҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда марҳилаи 8-уми он гузаронида шуд.

    Баъд аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддат иштирокчиён дар назди комиссияи босалоҳият, ки роҳбарии онро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бар ӯҳда дошт аз санҷиш гузаронида шуда, ба иштирокчиён сертификат дода шуд.