Search

Маросими мусобиқа бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Футбол

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Футбол ва дарёфти “Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо
ташаббуси Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи футбол байни дастаҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 16 даста иштирок дошт. Шумораи иштирокчиёни мусобиқа (аз рӯи дархостҳои дастаҳо) 250 варзишгар дар мусобиқа иштирок доштанд.
Беҳтарин бозингари мусобиқа аз дастаи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД лейтенанти калони милитсия Фозилзода Комрон Дилшод дониста шуд.
Мукофотҳоро дар вазъияти тантанавӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин ба ғолибон ва ҷоизадорон тақдим намуд.

Маросими мусобиқа бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Футбол

Маросими мусобиқа бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Футбол