Search

 

   Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии роҳбарони амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша-супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои сардорон, муовинони сардори ШВКД оид ба корҳои оперативӣ ва сардорони ШКҶ-ҳои шаҳру ноҳияҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, марҳилаи 3-юми он ташкил ва гузаронида шуд.

    Баъд аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддат шунавандагон дар назди комиссияи босалоҳият, ки роҳбарии онро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бар ӯҳда дошт, аз санҷиш гузаронида шуда, ба иштирокчиён сертификати дахлдор супорида шуд.

     Марҳилаи чоруми курсҳои кӯтоҳмуддат оғоз гардида,  доимӣ ба роҳ монда мешавад.