Муовини сардори Раёсат Низомзода Наҷмуддин Низом – полковники милитсия 17 октябри соли 1978 таваллуд шудааст, милаташ тоҷик, таҳсилот олӣ, соли 2002 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии милии Тоҷикистон ва соли 2020 Факултети -1 ки Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Муовини сардори Раёсат Низомзода Наҷмуддин Низом – полковники милитсия 17 октябри соли 1978 таваллуд шудааст, милаташ тоҷик, таҳсилот олӣ, соли 2002 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии милии Тоҷикистон ва соли 2020 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси Идоракуни давлати ва маҳалиро хатм намудааст.
Моҳи декабри соли 2002 дар шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н. Ш.Шоҳин ба ҳайси муфаттиш корро оғоз намуда, то моҳи августи соли 2007 фаъолият намудааст. Аз моҳи августи соли 2007 то моҳи октябри соли 2007 дар ШВКД-1 ноҳияи Сино ба ҳайси эксперт ва аз моҳи сентябри соли 2007 то моҳи январи соли 2010 дар ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур дар вазифаҳои гуногун, аз қабили, муфаттиш, муфаттиши калон, муовини сардори шӯъбачаи тафтишотӣ, сардори шӯъбачаи тафтишотӣ ва муовини сардори шӯъбачаи шаҳрии милитсия фаъолият намудааст.
6-уми июни соли 2012 дар Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сарнозир дар шӯъбаи Нозиротӣ, то моҳи октябри соли 2013 фаъолият намуда, моҳи октябри соли 2013 дар Раёсати амнияти дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим ба кор қабул карда шуда то 3-юми январи соли 2017 фаъолият намуда, аз 3-юми январи соли 2017 то моҳи июни соли 2017 дар вазифаи муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ фаъолият намудааст.
Аз моҳи июни соли 2017 то моҳи марти соли 2019 ба ҳайси муовини сардори шуъбаи амнияти дохилӣ дар шаҳри Душанбе Раёсати амнияти дохилӣ ва аз моҳи апрели соли 2019 то моҳи майи соли 2019 дар вазифаи муовини сардори шуъбаи амнияти дохилӣ дар вилояти Хатлон фаъолият намудааст.
Аз моҳи майи соли 2019 то моҳи феврали соли 2024 дар Раёсати амнияти дохилӣ ба ҳайси ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим фаъолият намуда, аз 21 феврали соли 2024 дар вазифаи муовини сардори РК ва КҲШ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

