Муовини сардори Раёсат Каримзода Эраҷ Ҳотам – полковники милитсия 27 марти соли 1978 таваллуд шудааст, милаташ тоҷик, таҳсилот олӣ, соли 2002 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии милии Тоҷикистонро бо ихтсоси ҳуқуқшинос хатм намудааст
Пас аз хатми донишгоҳ тибқи роҳхат ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода шуда, дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2003 то соли 2024 дар вазифаҳои муфаттиши ШТ ШКД шаҳри Ваҳдат, муфаттиши калони ШТ ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, муфаттиши калон оид ба супоришҳои махсусан муҳими шуъбаи назоратӣ-методии раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори шуъбаи назоратӣ-методиии раёсати тафтишотии ВКД, муовини сардори шуъбаи тафтишотии РВКД Ҷумҳурии Точикистон дар шаҳри Душанбе, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини сардори раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардаааст. 21 феврали соли 2024 бо фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ таъин шуда, то ҳол дар ин вазифа кору фаъолият намуда истодааст.
