16 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Варзобу Тоҷикобод, муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Кушониён ва Леваканти вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳринав ва ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен ва Ашти вилояти Суғд ва директори гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ”-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва дорои таҷрибаи роҳбарӣ таъйин карда шуданд.
Зимни суҳбат бо кадрҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлату мардуми Тоҷикистон, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ, таъмини волоияти қонун, тарбияи кадрҳои ҷавон, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва баланд бардоштани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳидоят намуданд.

