17 августи соли 2024 дар толори Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони соҳаи тиб» чорабинии идона бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, кормандон, табибон ва масъулини бахшҳои тиббии ҷузъу томҳои раёсати тиббии мазкур доир гардид.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро тамоми кормандони Раёсати тиббӣ ва ҷузъу томҳои онро бо ин санаи хотирмон самимона табрик намуда, дар кори масъулиятноку бошараф ва заҳматталабу боифтихорашон барору комёбӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуд.
Зикр гардид, ки боиси ифтихор аст, ки иди касбии кормандони соҳаи тиб бо зодрӯзи олими номвари тоҷик, алломаи машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино, ки осори гаронбаҳояш ҳамчун ганҷинаи бебаҳои илм барои пешрафти соҳаи тандурустии тамоми олам хизмат мекунад, алоқамандии бевосита дорад.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расонидаанд, ки осори онҳо то ба имрӯз аҳаммияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд”.
Шоистаи таҳсин аст, ки дар кишвари маҳбубамон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи сиҳатии омма ҳамчун соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати ҳифзи саломатӣ ва нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифторшавии одамон ба касилиҳои гуногун, беҳдошти фаъолияти беморхонаву муолиҷагоҳҳо, муассисаҳои дигари тиббӣ чораҳои муассир андешида мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки саҳми табибон, махсусан табибони низомӣ дар пешрафту инкишоф ва рушди саломатии миллат муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз заҳматҳои шабонарӯзии ин ворисони арзандаи Синои бузург аст, ки имрӯз тибби тоҷик аз ҳар ҷиҳат пешрафта асту имкониятҳои фаровони ташхису табобатро дорост.
Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронии худ аз солҳои душвор ва хизматҳои беминнати табибони низомӣ ёдовар шуда, онҳоро ба фаъолияти босифати минбаъда ва содиқ мондан ба савганди ёднамудаашон ҳидоят кард.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор табибон, ки дар фаъолияти хизматӣ ба комёбиҳои назарраси соҳавӣ ноил гардидаанд, бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медалу Ифтихорнома ва Раҳматномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин бахшида ба «Рӯзи кормандони соҳаи тиб» ба Дармонгоҳи тиббии Раёсати тиббии ВКД дар вилояти Хатлон нақлиёи хизматӣ тақдим карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 18-уми август Иди касбии кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад.


