25 майи соли 2026 дар арафаи Иди саиди Қурбон дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ барои ғанӣ гардонидани дастархони кормандон ва таъмин намудан бо маҳсулоти хушсифат бо иштироки хоҷагиҳои ёрирасони ВКД ярмаркаи маводи хӯрока доир карда шуд.
Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, вилояти Суғд ноҳияҳои минтақаи Рашт, маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас наздик аз 30 то 40 фоиз, нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузоштанд.
Дар ин чорабинӣ хоҷагиҳои ёрирасон ба харидорон гушт, биринҷ, пиёз, тухм, картошка, сабзӣ ва дигар сабзавотҳо ва мевагиҳоро пешкаши харидорон намуданд.
Инчунин, аз ҷониби масъулин орду равған, маҳсулотҳои гуштӣ ва меваҳои тропикӣ бо нархи дастрас пешниҳоди кормандон гардонида шуд.
Ҳайати шахсӣ аз чунин иқдом изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳо чунин ярмаркаи молу маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор карда мешавад.
Ярмаркаи идона дар ВКД





