Search

Вохӯрии вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии қолаби Осиёи Марказӣ – Чин

17 майи соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати иштирок дар вохӯрии дуюми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии қолаби Осиёи Марказӣ – Чин ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд.   
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 18 майи соли 2026, мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Сяохун баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат бо ҷинояткории фаромиллӣ аз қабилӣ терроризм, экстремизм, инчунин бозомӯзии таҷрибаи ҳамдигар ва дигар масъалаҳои корӣ баррасӣ гардиданд.
Вохӯрии дуюми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии қолаби Осиёи Марказӣ – Чин нимаи дуюми 18 майи соли 2026 оғоз мегардад.