Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малака ва сатҳи касбияти роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ, омузиши забонҳои хориҷӣ курсҳои такмили ихтисос бо иштироки сардорони шуъбаҳои ВКД, муовинони сардорони шуъба оид ба самти оперативӣ ва сардорони шуъбаю шуъбачаҳои кофтукови ҷиноятӣ ва маводи мухаддир дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кутоҳмуддати такмили ихтисос ташкил карда шудаанд.
Пас аз ба анҷом расидани курсҳои такмили ихтисос аз ҷониби комиссияи босалоҳият санҷиш гузаронида шуда, ба иштирокчиёне, ки аз санҷиш мегузаранд сертификат дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ дода мешавад.
Курсҳои такмили ихтисос марҳила ба марҳила идома дода хоҳад шуд.







