Search

Фармоиши ВКД ҶТ «Дар бораи Тартиби гузаронидани санҷиши хизматӣ”

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«10» октябри соли 2024                  №764 б/з                                   ш. Душанбе

«Дар бораи Тартиби гузаронидани санҷиши хизматӣ

нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ

ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилии

ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолият дар самти гузаронидани санҷишҳои хизматӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 12 Низомномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №592 тасдиқ гардидааст,

 

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

 

  1. Тартиби гузаронидани санҷиши хизматӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Сардорони ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ Тартиби мазкурро мавриди омузиш қарор дода, зимни гузаронидани санҷишҳои хизматӣ талаботи онро қатъӣ риоя намуда, санадҳои худро ба фармоиши мазкур мутобиқ гардонанд.
  3. Зимни гузаронидани санҷишҳои хизматӣ ҷиҳати риоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ва шаҳрвандон тадбирҳои судманд андешида шаванд.
  4. Пешниҳод намудани номзадии корманде, ки нисбати у санҷиши хизматӣ гузаронида шуда истодааст ва ё ҷазои интизомии амалкунанда дорад, барои таъин намудан ба мансаби болоӣ ва ҳаҷман калон, сарфароз гардонидан ба рутбаҳои махсус ва ҳарбӣ, мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ инчунин дохил шудан ба муассисаҳои таълимии Академияи ВКД ва хориҷи кишвар қатъиян манъ аст.
  5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
  6. Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2012, №23 б/з «Оид ба тасдиқ намудани «Дастурамали гузаронидани санҷиши хизматӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит карда шавад.
  7. Фармоиши мазкур ба ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ эълон карда шавад.

 

Вазир генерал-полковники милитсия                               Р. Раҳимзода

 

 

Замима ба фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «10» октябри соли 2024, №764 б/з

 

  Тартиби гузаронидани санҷиши хизматӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Тартиби гузаронидани санҷиши хизматӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Тартиб) асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиён, муҳлат ва гузаронидани санҷиши хизматӣ, ҳуҷҷатгузории натиҷаҳои он, дигар ҳолатҳои вобаста ба санҷиши хизматиро нисбати ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ муайян месозад.
  3. Ҳамаи санҷишҳои хизматие, ки аз тарафи хадамоти кадрӣ ва дигар ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои дохилиидоравӣ муқаррар кардааст, тибқи муқаррароти Тартиби мазкур амалӣ карда мешаванд.
  4. Санҷиши хизматӣ – фаъолияти ҷамъоварӣ ва санҷиши маълумот оид ба ҳуқуқвайронкунии корманди мақомоти корҳои дохилӣ, ки бо мақсади пурра, ҳамаҷониба ва холисона муайян намудани ҳамаи паҳлуҳои кирдори содиршудаи интизомӣ ва дараҷаи гунаҳкории корманд ва ё бегуноҳии у анҷом дода мешавад.

 

  1. ҲОЛАТҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ХИЗМАТӢ
  2. Санҷиши хизматӣ нисбати кормандон дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

– вайрон намудани интизоми иҷроия, хизматӣ ва қонуният;

– ҳалок гардидани корманд, гирифтани захм ва ё ҷароҳат зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ;

– татбиқ ва тартиби истифодаи силоҳи оташфишон аз тарафи корманд;

– бо талаби худи корманд барои рад намудани маълумоте, ки обрую эътибори уро паст мезанад ва ё муҳофизати ӯ ва аҳли оилааш;

– барои тасдиқ намудани дағалона вайрон кардани шартҳои шартнома (қарордод) аз тарафи корманд;

 – пайдо шудани маълумот нисбати амалҳои корманд дар воситаҳои ахбори омма ва интернет;

– ахборот ва маводе, ки нисбати кормандони МКД аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратӣ ворид мегарданд.

  1. Бо дигар сабабҳо гузаронидани санҷиши хизматӣ дар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, мумкин мебошад.
  2. Оид ба ҳолати фошкунии маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳад, дигар вайронкуниҳои низоми махфият дар мақомоти корҳои дохилӣ санҷиши хизматӣ мувофиқи Дастурамал оид ба таъмини низоми махфият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
  3. Оид ба ҳолатҳои вайрон намудани интизоми хизматӣ санҷиши хизматӣ аз ҷониби раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томи он, вайрон намудани интизоми иҷроия ва дараҷаи пасти нишондиҳандаҳои фаъолият санҷиши хизматӣ аз тарафи раёсати нозиротӣ[1]ташкилӣ ва дар ҳолати аз тарафи корманд содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ санҷиши хизматӣ аз тарафи раёсати амнияти дохилӣ гузаронида мешавад.
  4. Вобаста ба вайронкунии интизоми иҷроия, хизматӣ, қонуният ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, ки дар ҷараёни гузаронидани ҷаласаҳои ҷамъбастӣ ва оперативии назди сардорони ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор мегарданд, санҷиши хизматӣ аз тарафи масъулини ин мақомот гузаронида шуда, хулоса ва лоиҳаи фармоиш дар доираи салоҳият барои тасдиқ ва имзо ба роҳбарияти вазорат ва ҷузъу томи он манзур карда мешавад.
  5. Ҷиҳати гузаронидани санҷиши хизматӣ вобаста ба ҳолатҳое, ки дар банди 7 Тартиб нишон дода шудаанд, Вазири корҳои дохилӣ ҳуқуқ дорад ба дигар воҳиди сохтории мақомоти корҳои дохилӣ супориш диҳад.
  6. Роҳбароне, ки барои гузаронидани санҷиши хизматӣ супориш медиҳанд:

– Вазири корҳои дохилӣ, муовини якум ва муовинони у;

– сардорони сарраёсат, сармарказ, раёсатҳо, хадамот, марказҳо ва шуъбаҳои мустақили дастгоҳи марказии ВКД;

– сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо;

– сардор ва муовинони раёсати қушунҳои дохилӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ; – роҳбарони намояндагиҳои ВКД дар хориҷа;

– сардорони муассисаҳои таълимии ВКД.

  1. Шахсе, ки санҷиши хизматӣ мегузаронад, ҳуқуқи гузаронидани амалҳои тафтишӣ ва таҳқиқро надорад.
  2. Зимни гузаронидани санҷиши хизматӣ бояд ҳолатҳои зерин пурра, ҳаматарафа, холисона муайян ва санҷида шаванд:

– ваҷҳ ва далелҳои пешниҳоднамудаи корманде, ки нисбаташ санҷиши хизматӣ гузаронида мешавад;

 – ҳолатҳои содиршавии вайронкунии интизоми хизматӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо (вақт, ҷой, ҳолати содиршавии кирдор ва нақши корманд дар он);

– кирдори корманд (вақт, ҷой, ҳолати содиршавии он);

– дараҷаи гуноҳи корманд ё гуноҳи ҳар як корманд дар ҳолати содиршавии вайронкунии интизоми хизматӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи якчанд корманд;

– ҳолатҳое, ки барои вайрон кардани интизоми хизматӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат намудаанд;

– мавҷудият, хусусият ва андозаи зараре, ки дар натиҷаи содир намудани вайронкунии интизоми хизматӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи корманд расонида шудааст ва ҳолатҳои пардохти зарар;

 – ҳолатҳое, ки ҷавобгарии интизомии кормандро истисно мекунанд;

 – ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи кирдор;

– ҳолатхое, ки барои муроҷиати хаттӣ ба гузаронидани санҷиши хизматӣ асос шудаанд;

 – дигар ҳолатҳое, ки барои қабул намудани қарор дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб намудани корманд аҳамият доранд.

  1. Тартиби фош накардани маълумоти шахсӣ, ки дар вақти гузаронидани санҷиши хизматӣ маълум мегарданд, тибқи қонунгузорӣ ба роҳ монда мешавад. 14. Ҳангоми дар ҳаракатҳои корманд муайян намудани аломатҳои таркиби ҷиноят хулоса ва маводи санҷиши хизматӣ аз руйи салоҳият ба мақомоти дахлдор ирсол карда мешавад.
  2. Аз натиҷаи санҷиши хизматӣ хулосаи асоснок тартиб дода шуда, ба шахси мансабдоре, ки онро таъин намудааст, барои тасдиқ манзур карда мешавад.
  3. Зимни гузаронидани санчиши хизматӣ барои пурра ва ҳамаҷониба санҷидани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ зарурати шинос шудан бо мавод ва парвандаҳои ҷиноятии дар мақомоти таҳқиқ ва ё тафтиши пешакӣ қарордошта ба миён ояд, корманде, ки санҷиши хизматӣ мегузаронад, дар мувофиқа бо роҳбари санҷиши хизматиро таъин намуда бо ҷалби намояндаи мақомоти зикршуда шиносоиро бо мавод ва ё парвандаи ҷиноятӣ бо риояи қатъии муқаррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ амалӣ менамояд.
  4. Дар ҳолати гузаштани 6 моҳ пас аз содир гардидани вайронкунии интизоми хизматӣ ва аз руйи натиҷаи санҷиши фаъолияти молиявию хочагӣ бошад баъди 2 соли содир шудани он санҷиши хизматӣ гузаронида намешавад. Ба муҳлати зикршуда давраи тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ дохил намешавад.

 

  1. АСОСҲО БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ХИЗМАТӢ
  2. Асос барои гузаронидани санҷиши хизматӣ ин мавҷуд будани маълумоти кофӣ дар бораи аз тарафи корманд вайрон намудани интизоми хизматӣ, тартибот ва қоидаҳои муқарраргардида ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ё берун аз он, ки аз талаботи Кодекси одоби касбии корманди милитсия бармеоянд, инчунин ҳодисаву амалҳо бо иштироки у ба шумор мераванд.
  3. Сарчашмаҳои зерин барои гузаронидани санҷиши хизматӣ асос мегарданд:

– муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

– гузоришҳои кормандон;

– иттилоот дар бораи вайронкунии интизоми хизматӣ ва қонуният дар воситаҳои ахбори омма;

– иттилоот ва ё нашрияҳо дар шабакаҳои интернетӣ;

– муроҷиат ва ё хабарҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қудратӣ, назоратӣ ё дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликият;

– хабари Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ.

  1. ТАШКИЛИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ХИЗМАТӢ
  2. Санҷиши хизматӣ аз се марҳила иборат аст:

– давраи омодагӣ; – давраи гузаронидани санҷиши хизматӣ;

– ҷамъбаст ва баровардани хулоса аз натиҷаи санҷиши хизматӣ.

  1. Санҷиши хизматӣ бо супориши хаттӣ дар ҳуҷҷате, ки дар он маълумот барои гузаронидани санҷиш асосшаванда мавҷуданд, ё ин ки бо роҳи аз тарафи роҳбарияти ВКД ва ҷузъу томи он баровардани фармоиш дар хусуси гузаронидани санҷиши хизматии комиссионӣ таъин карда мешавад.
  2. Дар фармоиш оид ба таъин намудани санҷиши хизматии комиссионӣ ҳолатҳои зерин бояд дарҷ карда шаванд:

 – сабаб ва асос барои таъин намудани санҷиши хизматӣ;

– муҳлати гузаронидани санҷиши хизматӣ;

– ҳайати комиссия оид ба гузаронидани санҷиши хизматӣ;

– насаб, ном, номи падар унвони шахси мансабдоре, ки назоратбарии гузаронидани санҷиши хизматӣ ба у вогузор карда шудааст.

  1. Дар сурати гузаронидани санҷиши хизматии комиссионӣ ба ҳайати он кормандони соҳибтаҷриба аз ҳар хадамот шомил карда мешаванд. Раиси комиссия корманди он мақомоте таъин карда мешавад, ки масъалаи баррасишаванда ба тобеъияти он тааллуқ дорад.
  2. Агар санҷишгар бо корманде, ки нисбаташ санҷиши хизматӣ гузаронида мешавад, робитаи хешовандӣ дошта бошад, инчунин агар аз натиҷаҳои санҷиши хизматӣ бевосита ё бавосита манфиатдор бошад, ҳуқуқи дар санҷиш иштирок карданро надорад. Дар ҳолати риоя нагаштани талаботи мазкур натиҷаҳои санҷиши хизматӣ беэътибор дониста мешаванд.
  3. Шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи таъин намудани санҷиши хизматиро дорад, пас аз гирифтани асос барои гузаронидани санҷиши хизматӣ дар муҳлати на дертар аз 3 шабонаруз гузаронидани санҷиши хизматиро таъин мекунад.
  4. Муҳлати гузаронидани санҷиши хизматӣ аз лаҳзаи таъин гардиданаш 15 шабонаруз муқаррар карда мешавад.
  5. Дар ҳолате, ки рузи охирони санҷиши хизматӣ ба рузи истироҳат рост ояд, вақти ба охир расидани муҳлат рузи навбатии кории пас аз рузи истироҳат ба ҳисоб меравад.
  6. Ҳангоми гузаронидани санҷиши хизматӣ вобаста ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ санҷиши хизматӣ дар муҳлати то як моҳ гузаронида шуда, пас аз ба анҷом расидани он ба муроҷиаткунанда тибқи талаботи қонунгузорӣ хабар дода мешавад.
  7. Муҳлати санҷиши хизматӣ дар давраи корношоямии муваққатӣ (беморӣ), дар рухсатии меҳнатӣ ё сафари хизматӣ будани корманде, ки нисбаташ чунин санҷиш гузаронида мешавад, дар асоси гузориши санҷишгар боздошта мешавад ва ҳолатҳои дарҷгардида ба муҳлати санҷиши хизматӣ дохил намешаванд.
  8. Дар ҳолате, ки агар санҷиши хизматӣ омузиши ҳуҷҷати молиявӣ ва дигар намудҳои иловагии санҷишро талаб намояд, ё ҷалби мутахассис лозим ояд муҳлати он дар асоси гузориши асосноки санҷишгар аз тарафи шахси мансабдоре, ки санҷиши хизматиро таъин намудааст, ба муҳлати на зиёда аз 1 моҳ аз рузи ошкор шудани кирдори интизомӣ дароз карда мешавад.
  9. Роҳбарони ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ вазифадоранд, ки бо талаби санҷишгар корманде, ки нисбаташ санҷиши хизматӣ таъйин гардидааст ва маводи лозимиро таъмин намоянд.
  10. Ҳар гуна дахолат ва фишороварӣ дар рафти санҷиши хизматӣ манъ буда, боиси ҷавобгарии интизомӣ мегардад

 

  1. ҲУҚУҚ, УҲДАДОРИҲО ВА ВАЗИФАҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ САНҶИШИ ХИЗМАТӢ
  2. Корманд (роҳбар, аъзои комиссия), ки бевосита санҷиши хизматиро мегузаронад, дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зерин мебошад:

– аз корманде, ки нисбати у санҷиши хизматӣ мегузаронад ва дигар кормандоне, ки оид ба ҳолати кор маълумот доранд, баёнот гирад;

– шаҳрвандонро ба ҳуҷраи кориаш даъват намуда, вобаста ба ҳолати кор баёнот гирад;

– ба роҳбарияти ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод намояд, ки дар рафти санҷиши хизматӣ корманд аз мансаби ишғолнамудааш бо пардохти музди меҳнат барканор карда шавад;

– дар доираи санҷиши хизматӣ бо тартиби муқарраршуда аз ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ ҳуҷҷатҳои дахлдори хизматиро талаб намояд;

 – ба парвандаи шахсии корманде, ки нисбаташ санҷиши хизматӣ рафта истодааст шинос шуда, маълумоти заруриро гирад;

– бо ҳуҷҷатҳо шинос шавад ва дар ҳолати зарурӣ ҳуҷҷатҳои барои гузаронидани санҷиши хизматӣ аҳамиятдоштаро, ба истиснои ҳуҷҷатҳои махфӣ, нусхабардорӣ карда, ба маводи санҷиши хизматӣ ҳамроҳ намояд;

– барои гузаронидани муоина дархост манзур намояд;

– шахсони мансабдор ва мутахассисонро вобаста ба масъалаҳои илмӣ, техникӣ ва дигар донишҳои махсус ҷалб намуда, аз онҳо маслиҳат гирад;

– бо тартиби муқарраршуда аз қайдҳои махсуси оперативӣ ва иттилоотӣ, муассисаҳои таълимии ВКД ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ истифода барад;

– бо мақсади ҳуҷҷатгузорӣ намудани ҳолатҳои содиршавии кирдорҳои ғайриоинномавӣ ва ғайриқонунии кормандон бо тартиби муқарраршуда аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои техникӣ истифода намояд;

– дар ҳолати зарурӣ, бо мақсади таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқии корманде, ки нисбаташ санҷиши хизматӣ гузаронида мешавад, ба сардорони ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод намояд, инчунин ба у бо ҷалби мутахассисон ёрии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ расонад;

– ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар банди 24 Тартиби мазкур овардашуда барои гузаронидани санҷиши хизматӣ худраддия диҳад;

– дар рафти санҷиши хизматӣ сабабу омилҳои ба вайронкунии интизоми хизматӣ ва қонуният роҳ доданро маълум намояд;

– дар рафти санҷиш дигар чорабиниҳоро вобаста ба ҳолати кор гузаронад. 34. Корманде, ки нисбати у санҷиши хизматӣ гузаронида мешавад, ҳуқуқ дорад:

– моҳият ва мақсади санҷиши хизматиро донад;

– бо асосҳои санҷиши хизматӣ шинос шавад;

– хаттӣ баёнот диҳад; – арзу шикоят ва дархост изҳор кунад;

– ҳуҷҷатҳо ва далелҳоро пешниҳод намояд;

– шоҳидони ҳолати корро номбар кунад;

– аз болои қарору амали (беамалии) санҷишгар, сардори ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ, ки санҷиши хизматиро таъин намудааст, ба роҳбар ва мақомоти болоӣ шикоят намояд;

– пеш аз тасдиқи хулосаи санҷиши хизматӣ ва баровардани фармоиш оид ба додани ҷазои интизомӣ бо маводи санҷиши хизматӣ шинос шавад ва дар сурати норозӣ будан ваҷҳҳо ва далелҳои пешниҳоднамудаи у ҳатман дар мавод ба тариқи хаттӣ дарҷ карда шаванд ва онҳо бояд пурра, ҳамаҷониба ва холисона санҷида шаванд.

  1. Корманде (роҳбар, аъзои комиссия), ки санҷиши хизматиро мегузаронад, вазифадор аст:

– ҳуқуқ ва озодиҳои кормандеро, ки нисбати у санҷиши хизматӣ гузаронида мешавад, инчунин дигар шахсонро, ки дар раванди санҷиши хизматӣ иштирок мекунанд, риоя намояд;

– нигоҳдорӣ ва махфияти маводҳои санҷиши хизматӣ, фош накардани маълумотро дар бораи натиҷаҳои санҷиш таъмин намояд;

– ба аризадиҳанда ва шахсоне, ки нисбати онҳо санҷиши хизматӣ гузаронида шуда истодааст, ҳуқуқҳояшонро фаҳмонад ва барои амалӣ намудани онҳо шароит фароҳам оварад;

– сари вақт ба роҳбаре, ки санҷиши хизматиро таъин намудааст, дар бораи ворид шудани аризаву дархостҳо хабар дода, ба шахсони манфиатдор оид ба ҳаллу фасли онҳо хабар диҳад;

– вақти содиршавии вайронкунии интизоми хизматӣ, ҳолатҳои ба дараҷа ва хусусияти ҷавобгарии корманд таъсиррасонанда ва ҳолатҳоеро, ки айби уро вазнин ё сабук мекунанд, расман тасдиқ намояд;

– иҷрои талаботи дастуру супоришҳои ВКД-ро дар хусуси ба ҷузъу томи дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ ирсол намудани маълумот дар бораи аз тарафи корманд вайрон кардани интизоми хизматӣ, қонуният ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ санҷад;

– парвандаи шахсии кормандеро, ки нисбаташ санҷиши хизматӣ гузаронида шуда истодааст, омухта, маълумоти лозимиро гирад;

– ҳуҷҷатҳо ва маводи тавсифкунандаи сифатҳои шахсӣ, хизматӣ ва ахлоқии кормандеро, ки интизоми хизматиро вайрон намудааст, ҷамъ оварад;

– маводи санҷишҳои хизматии пешин, маълумот дар бораи вайронкунии интизоми хизматии қаблӣ аз тарафи корманд ва муроҷиатҳои воридшударо нисбати у омузад;

– ба корманд шароит фароҳам оварад, ки вобаста ба ҳолатҳои кор баёнот диҳад, дар ҳолати саркашӣ кардан аз додани баёноти хаттӣ, тибқи тартиби муқарраргардида санади дахлдор, ки аз тарафи комиссия дар ҳайати на камтар аз ду нафар имзо карда мешавад, тартиб диҳад. Дар ин ҳолат бояд ба корманде, ки аз додани баёнот саркашӣ мекунад, фаҳмонад, ки надодани баёнот аз ҷавобгарӣ озод наменамояд ва ин рафтораш ҳамчун ҳолати вазнинкунанда баҳогузорӣ мегардад;

– аз шоҳидони ҳолати вайронкунии интизоми хизматӣ, қонуният ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо баёнот гирад;

– натиҷаҳои пурсишномаи ҳолати фазои ахлоқӣ ва руҳӣ-равониро дар байни ҳайати шахсӣ истифода намояд;

– оид ба ошкор намудани ҳолати вайронкунии интизоми хизматӣ, қонуният ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ, ки пешгириро талаб менамояд, ба роҳбаре, ки гузаронидани санҷиши хизматиро таъин кардааст, хабар диҳад;

– гузаронидани маҷмуи чорабиниҳои пешгирикунандаро пешниҳод намояд;

– оид ба натиҷаи санҷиши хизматӣ хулоса тартиб дода, дар муҳлати мукарраргардида барои тасдиқ намудани он ба роҳбаре, ки гузаронидани санҷиши хизматиро таъин намудааст, пешниҳод намояд.

  1. Роҳбаре, ки санҷиши хизматиро таъин намудааст, вазифадор аст:

– дар муҳлати муқарраргардида бо шикоят ё пешниҳоди корманде, ки нисбаташ санҷиши хизматӣ гузаронида мешавад, қарори дахлдор қабул намояд;

– дар мавриди зарурӣ, бо мақсади таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқии корманд ҷиҳати ба у расонидани ёрии иҷтимоӣ ва равонӣ чораҷуӣ намояд;

– дар муҳлати муқарраргардида пас аз гузаронидани санҷиши хизматӣ қарор қабул намуда, иҷрои онро таъмин намояд.

 

  1. ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ХИЗМАТӢ
  2. Роҳбари бевоситаи корманде, ки санҷиши хизматиро мегузаронад, ё ин ки дар ҳолати гузаронидани санҷиши хизматии комиссионӣ раиси комиссия оид ба омодагии иҷрокунандагон барои гузаронидани санҷиши хизматӣ ва раванди амалӣ намудани онро назорат мебарад.
  3. Раиси комиссия ё корманди ваколатдор нақшаи гузаронидани санҷиши хизматиро таҳия менамояд ва он баъдан аз тарафи роҳбаре, ки санҷиши хизматиро таъин намудааст, тасдиқ карда мешавад.
  4. Пешниҳод намудани хулосаи санҷиши хизматӣ барои тасдиқ бе гирифтани забонхат дар бораи шинос шудан бо мавод аз корманде, ки нисбати у санҷиши хизматӣ гузаронида шудааст, манъ аст.
  5. Пас аз санҷиши хизматӣ ва ба имзо расидани фармоиш дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб намудани корманд, дар хусуси бартараф намудани сабаб ва омилҳое, ки боиси аз ҷониби корманд содир намудани кирдори вайронкунии интизоми хизматӣ, қонуният ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо гардидаанд, ба унвони роҳбарияти ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилие, ки дар он корманд хизмат менамояд, пешниҳод ирсол карда мешавад.

 

  1. ҲУҶҶАТГУЗОРИИ НАТИҶАҲОИ САНҶИШИ ХИЗМАТӢ
  2. Баъд аз анҷоми санҷиши хизматӣ хулосаи хаттӣ бо дарҷ намудани насаб, ном, номи падар, мансаб ҷойи имзои роҳбари тасдиқкунанда ва санаи руз таҳия карда мешавад. Хулосаи санҷиши хизматӣ аз тарафи раис ва аъзои комиссия, ё ин ки кормандони ваколатдор имзо карда мешавад. Роҳбаре, ки санҷиши хизматиро таъин намудааст, дар муҳлати на дертар аз 3 руз хулосаро тасдиқ мекунад, ё ин ки оид ба дароз намудани муҳлати санҷиши хизматӣ қарор қабул менамояд.
  3. Хулоса дар асоси маводи санҷиши хизматӣ тартиб дода шуда, аз се қисм иборат мебошад: муқаддимавӣ, баёнӣ ва хулосавӣ:
  4. Дар қисми муқаддимавӣ маълумоти зерин дарҷ карда мешаванд:

– мансаб, насаб, ном, номи падари корманде, ки санҷиши хизматиро гузаронидааст (дар ҳолати комиссионӣ гузаронидани санҷиши хизматӣ мансаб, рутба, ному насаби раис ва аъзои комиссия нишон дода мешавад);

– асосҳои гузаронидани санҷиши хизматӣ;

– мансаб, рутба, насаб, ном, номи падари корманде, ки нисбаташ санҷиши хизматӣ гузаронида мешавад ва шахсоне, ки дар рафти санҷиш гуноҳашон муайян карда мешавад. Инчунин, соли таваллуд, аз кадом давра дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дар мансаби ишғолнамудааш фаъолият кардан, миқдори ҷазо ва мукофотҳо, мавҷуд будани ҷазои интизомии амалкунанда вазъи оилавӣ, таҳсилот.

  1. Дар қисми баёнӣ ҳолатҳои зерин дарҷ карда мешаванд;

– ҳолат ва далелҳое, ки дар натиҷаи санҷиши хизматӣ муайян карда шудаанд;

– моҳияти вайрон намудани интизоми хизматӣ ва қонуният, оқибатҳои он ва дигар ҳолатҳои аҳамиятдошта;

– бо кадом мавод гуноҳи корманд тасдиқ мешавад ё исботи худро намеёбад;

– ҳолатҳое, ки ҷавобгарии кормандро сабук ва ё вазнин мекунанд

  1. Дар қисми хулосавӣ ҳолатҳои зерин бояд дарҷ карда шаванд:

– хулоса дар бораи гунаҳгории (бегуноҳии) корманд, ки нисбаташ барои содир намудани кирдор ё амали интизомӣ санҷиши хизматӣ гузаронида шудааст, ки дар он меъёрҳои дахлдори санадҳои меъёрии ҳуқуқии вайроншуда дарҷ карда мешаванд;

– хулоса оид ба муайян намудани сабабу омил ва шароитҳое, ки барои вайрон намудани интизоми хизматӣ мусоидат намудаанд;

– пешниҳоди татбиқ намудани (накардани) чораи ҷазои интизомӣ нисбати гунаҳкор ё дигар чораҳои таъсиррасонӣ, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ пешниҳод дар бобати супоридани мавод ба мақомоти прокуратура барои қабул намудани қарори мурофиавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун;

– пешниҳод намудан дар бораи зарурати таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқии корманд ва ба у расонидани ёрии иҷтимоӣ ва равонӣ;

– пешниҳод оид ба чораандешӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, ё ин ки қатъ намудани санҷиши хизматӣ бинобар ҷой надоштани ҳолати вайронкунии интизоми хизматӣ;

– тавсияҳои дорои хусусияти огоҳонӣ ва пешгирикунанда.

  1. Хулоса аз тарафи шахсе, ки санҷиши хизматиро гузаронидааст, ё ин ки аз тарафи комиссия гузаронида шудааст, аз тарафи ҳайати комиссия имзо карда шуда, бо роҳбари бевоситаи корманде, ки санҷиши хизматиро гузаронидааст, мувофиқа карда мешавад ва аз тарафи роҳбари ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилие, ки санчишро таъин намудааст, тасдиқ карда мешавад.
  2. Хулосаи санҷиши хизматӣ оид ба ҳолатҳои фавти корманд, ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтан ва расонидани зарар ба саломатии у ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби шахси дорои ваколати ба хизмат қабул намудани корманд (аз мақомоти корҳои дохилӣ озод кардан) тасдиқ карда мешавад.
  3. Вақти ба итмом расидани санҷиши хизматӣ санаи тасдиқ намудани хулоса ба шумор меравад.
  4. Дар ҳолати аз шинос шудан ё имзо кардани хулоса саркашӣ кардани корманде, ки нисбаташ санҷиши хизматӣ гузаронида шудааст, санади дахлдор тартиб дода шуда, аз ҷониби санҷишгар (раиси комиссия) имзо карда мешавад.
  5. Лоиҳаи фармоиш дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб намудан, аз тарафи санҷишгар тартиб дода шуда ва якҷоя бо хулосаю маводи санҷиши хизматӣ ба роҳбаре, ки онро таъин намудааст, барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад. Фармоиш дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб намудан ба корманд бо тартиби муқарраргардида бо гирифтани имзо эълон карда мешавад.
  6. Нусхаи хулосаи санҷиши хизматӣ ба маводи парвандаи шахсии корманд, ки нисбаташ санҷиши хизматӣ гузаронида шудааст, ҳамроҳ карда мешавад.
  7. Баъд аз анҷоми санҷиши хизматӣ роҳбари комиссия ё санҷишгар маводи санҷиши хизматиро бастабандӣ, рақамгузорӣ ва тагдузӣ менамояд (парванда), ки дар он ҳуҷҷатҳои зерин ҳамроҳ карда мешаванд:

 – ҳуҷҷате (ё нусхааш), ки асос барои таъин намудани санҷиши хизматӣ гардидааст;

– нусхаи фармоиш дар бораи таъин намудани санҷиши хизматӣ;

 – нақшаи гузаронидани санҷиши хизматӣ;

– баёнотҳои кормандон ва дигар шахсон, ҳуҷҷатҳо ва маводи дигаре (ё ки нусхаҳои онхо), ки дар вақти гузаронидани санҷиши хизматӣ гирифта шудаанд; – хулосаи санҷиши хизматӣ;

– маводи мансуб ба амалигардонии мулоҳизаҳои дар хулосаи санҷиши хизматӣ мавчудбуда;

– нусхаи огоҳнома ба шахсе, ки муроҷиаташ барои гузаронидани санҷиши хизматӣ асос гардидааст;

– забонхати корманде, ки нисбати у санҷиши хизматӣ гузаронида шудааст, дар бораи шинос шудан бо маводу хулосаи санҷиш ва дархостҳои у.

  1. Корманде, ки аз рафти гузаронидани санҷиши хизматӣ, хулосаи он ва ҷазои интизомии нисбаташ татбиқгардида розӣ нест, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон дорои кафолати хифзи судӣ мебошад.
  2. Нисбати кормандони масъуле, ки санҷиши хизматиро бесифат, ғайрихолисона, яктарафа, боғаразона ва бе санҷиши таҳлили ҳамаҷониба гузаронидаанд ва дар натиҷаи он нисбати корманд ҷазои интизомии ғайриқонунӣ татбиқ гардидааст, санҷиши хизматӣ гузаронида шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб карда мешаванд.
  3. Маводи натиҷаи санҷиши хизматӣ дар бойгонии воҳиди сохтории коргузории мақомоти корҳои дохилӣ ба муҳлати бо санади меъёрии ҳуқукии танзимкунандаи муҳлати нигоҳдории мавод муқарраргардида нигоҳ дошта шуда, ҳангоми ба миён омадани зарурати хизматӣ мувофиқи дархостҳо бо тартиби мукарраргардида дода мешавад.

 

  1. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
  2. Масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Тартиби мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.