Search

Фармоиши ВКД ҶТ “Дар бораи хушмуомилагӣ”

«Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати

бо эҳтиромонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ,

хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо ҳамкасбон ва шаҳрвандон»

«10» октябри соли 2024                                 № 766

 

 

Бо дарназардошти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 11 январи соли 1995 ба тасвиб расонид ва фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2017, №19 бо замима “Дар бораи тасдиқ намудани Кодекси одоби касбии корманди милитсия”, ки аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ таҳкими қонуният ва интизоми хизматӣ, иҷрои талаботи қонун, роҳ надодан ба поймолсозии ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ ва таъмини пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, хушмуомилагӣ ва муносибати боэҳтиромонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон ва ҳамкасбон, риояи мартабот, маданияти баланди суханронӣ, муроҷиати дурусту холисона, поквиҷдонӣ, софдилона адо намудани қарзи хизматӣ, ҷасорат ва мардонагӣ дар муборизаи беамон бар зидди ҷинояткориро тақозо менамоянд, бо дастрасии моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 12 Низомномаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №592 тасдиқ гардидааст,

 

Ф А Р М О И Ш   М Е Д И Ҳ А М:

 

  1. Роҳбарон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шаванд:

1) Талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун шарти муҳимтарини баланд бардоштани обрӯю нуфуз ва эътибори мақомоти корҳои дохилӣ равона гардидаанд, иҷро намоянд.

2)Ҷиҳати таъмини муносибати дуруст ва боэҳтиромона, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон ва ҳамкасбон аз ҷониби худ ва зердастон тадбирҳои бетаъхир андешанд.

  • Ҳар як ҳолати муносибати бераҳмона аз ҷониби зердаст нисбат ба инсон ва шаҳрвандро ҳамчун вайронкунии ҷиддии қонуният эътироф намуда, чораҳои заруриро ҷиҳати ба ҷавобгарии дахлдор ҷалб намудани шахсони гунаҳгор андешанд.
  • Ҳар як далели бемасъулиятӣ, рафтори боғаразона ва беодобона, дағалӣ, айбҷӯйиро ҳамчун камбудии ҷиддӣ дар кор шуморида, аз рӯйи ин далелҳо санҷиши хизматӣ гузаронида, чораҳои қатъии таъсиррасонии интизомӣ то ба ҳадди озод намудан аз мақомоти корҳои дохилиро андешанд ва ҳар яке аз ин ҳолатро дар байни ҳайати шахсӣ мавриди муҳокима қарор диҳанд.
  • Иҷрои қатъии талаботи оиннома ва дастурамалҳо, тартиби додани саломи низомӣ, маданият ва одоби суханронӣ ҳангоми муроҷиат ба сардорон ва зердастон, риояи мартабот дар муносибат бо ҳамкасбонро таъмин намоянд.
  • Баррасии пурра, холисона, ҳамаҷониба ва саривақтии таклифот, пешниҳод, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин намоянд ва аз рӯйи ҳар як ҳолати баррасии нопурра, боғаразона, яктарафа ва вайрон кардани муҳлат шахсони гунаҳгорро ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб намоянд.
  • Фаъолият дар самти банақшагирӣ ва бонизом бурдани корҳои инфиродӣ-тарбиявиро бо зердастон тақвият дода, назоратбарии босифати онро таъмин намоянд.
  • Ҳангоми пешбарии зердаст ба мансаб, рутба ва мукофот ба сатҳи муносибати ӯ бо шаҳрвандон ва ҳамкасбон аҳамияти махсус дода, ин ҷанбаро ҳатман дар аттестатсия ва пешниҳод дарҷ намоянд.
  • Нақши созмонҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла судҳои шарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, шуроҳои роҳнамоён, комиссияҳо оид ба одоби касбиро дар ташаккули муносибати боэҳтиромона ва хушмуомилагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ баланд бардоранд.
  • Мунтазам пурсишҳои афкори умумро дар бораи муносибати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон гузаронида, дар воситаҳои ахбори омма ва интернет намунаҳои ибратбахши муносибат бо шаҳрвандонро тарғибу ташвиқ намоянд.
  1. Дар сурати риоя, иҷро накардан ва дағалона вайрон намуданиталаботи фармоиши мазкур нисбати шахсони гунаҳкор чораҳои сахти интизомӣ то озод намудан аз мақомоти корҳои дохилӣ татбиқ карда шавад.
  2. Роҳбарони аввали ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ барои иҷрои талаботи фармоиши мазкур шахсан ҷавобгар мебошанд.
  3. Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2006, №1 “Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон” аз эътибор соқит дониста шавад.
  4. Фармоиши мазкур ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад.

Вазир

генерал-полковники милитсия                          Р. Раҳимзода