Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, савияи дониш, маҳорату малакаи касбӣ, омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санъати суханварӣ ва ҷобаҷогузории дурусти кадрӣ дар замина Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии вазорат даври аввали курси такмили ихтисос барои кормандони хадамоти кадрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос бо ҷалби мутахассисони соҳа аз 9 то 19 марти соли ҷорӣ гузаронида шуда, дар он омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ташкили корҳои кадрӣ ба роҳ монда шуданд.
Баъд аз анҷоми курсҳо дар ҳузури Комиссияи босалоҳияти вазорат, ки роҳбарии онро сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бар ӯҳда доштанд, санҷиши назариявӣ қабул карда шуд.
Кормандоне, ки санҷишро бо баҳои хубу аъло супориданд баҳри баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва ҳавасмандгардонӣ ба захираи кадрии ҳайати калони роҳбарикунандаи вазорат ворид карда шуда, кормандоне ки дар санҷиш баҳоҳои нисбатан паст гирифтанд баҳри омодагӣ ва пурра гардонидани савияи дониш мӯҳлатҳои иловагӣ дода шуд.
Курсҳои такмили ихтисос, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва самаранокии фаъолияти хизматии кормандони хадамоти кадрӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрӣ ва омӯзиши иловагии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ равона карда шуда, марҳила ба марҳила дар давоми соли 2026 идома дода хоҳанд шуд.




