Санаи 28 ноябри соли 2025 дар асоси супориши роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини РК ва КҲШ вазорат дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд вохурӣ намудаанд. Зимни ҷаласа талабнома ва супоришоте, ки баъди эродҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи 19 ноябри соли 2025 дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон қайд гардидааст ба саҳми ҳайати шахсии Раёсат ва ҳайати роҳбарикунандаи шуъбаҳои Вазорат дар ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ расонида шуд.
Талабнома ва супоришот асосан мавзуъҳои зеринро дар бар гирифтааст:
-риоя намудани интизоми хизматӣ ва қонуният;
-аз ҷониби кормандони мақомот истеъмол намудани маводи нашъадор;
-истеъмоли нушокиҳои спиртӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ;
-муносибат ва муоширати дағалона бо шаҳрвандон;
-гаронвазнӣ;
-надонистани забонҳои хориҷӣ, аз он ҷумла русӣ-англисӣ;
-сатҳи пасти савияи дониш ва дигар самтҳои гуногуни фаъолияти хизматӣ;
Ҳамчунин дар ҷаласа супоришоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забондонӣ ва мутолиаи китобҳои бадеӣ ба саҳми ҳайати шахсӣ расонида шуда, таъкид гардид, ки вобаста ба самтҳои зикргардида дар мақомоти корҳои дохилӣ озмунҳо баргузор гардида, ғолибон ва беҳтаринҳо аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. қадрдонӣ карда мешаванд.




