Сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, генерал-майори милитсия муҳтарам Халилзода Ҳусейн Собир ба муносибати фарорасии 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсии Раёсатро аз номи худ ва роҳбарияти ВКД таҳният гуфта, қайд намуданд, ки дар арафаи ҷашни ин иди бошукўҳ бо мукофотҳои хизматӣ қадрдонӣ намудани кормандон ин натиҷаи фаъолияти хизматӣ ва содиқ ба халқу ватан ва арзанда будани ҳар як кормандро дар хизмат нишон медиҳад. Сардори Раёсат қайд намуданд, ки ин истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат ва арзиштмандтарин дастоварди миллати тоҷик баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар рафти ҳавасмандгардонӣ сардори Раёсат ба подполковники милитсия Шарофиддинзода Ҳ.Ш. ва подполколвники милитсия Сафарзода С.Ш. медали ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои далерӣ», ба подполколвники милитсия Турсунзода Х.Т. медали ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои садоқат», ба майори милитсия Субҳонқулова Г.Х. ва майори милитсия Фариштаи Ҷ. медали ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои хизматҳои шоён» дараҷаи-3, ба лейтенанти калони милитсия Нозимзода У.Ҳ. нишони сарисинагии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои хизматҳои аъло дар ВКД», ба подполковники милитсия Орифзода Ф.Ш. ва майори милитсия Сиҷоев Д.С. нишони сарисинагии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми маъракаи ҳавасмандгардонӣ сардори Раёсат аз дастовардҳои созандагию ободонии кишвар дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ дар 34 соли сипаригардида ва нақшаҳои минбаъда баромад намуда, ба ҳайати шахсӣ дар фаъолияти кориашон бурдборию комёбиҳои назаррас таманно намуданд.

