Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии роҳбарони мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша-супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои сардорон муовинони сардори ШВКД оид ба корҳои оперативӣ ва сардорони ШКҶ-ҳои шаҳру ноҳияҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда марҳилаи 1-уми он гузаронида шуд.
Баъд аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддат иштирокчиён дар назди комиссияи босалоҳият, ки роҳбарии онро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бар ӯҳда дошт аз санҷиш гузаронида шуда, ба иштирокчиён сертификат дода шуд.
Марҳилаи дуюми курсҳои кӯтоҳмуддат оғоз гардида, ин иқдом доимӣ ба роҳ монда мешавад.



