Search

Боздид аз дидбонгоҳи БДА дар даромадгоҳи ноҳияи Ванҷ

Дар ҷараёни сафари хизматӣ ба ВМКБ Вазири корҳои дохилӣ генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз дидбонгоҳи бозрасии давлатии автомобилӣ дар даромадгоҳи ноҳияи Ванҷ дидан намуд.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ аз шароити хизматию маишӣ ва фаъолияти кормандони дидбонгоҳи БДА шиносоӣ пайдо карда, ба онҳо ҷиҳати содиқонаю софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба