Донишҷӯёни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ ва варзишии муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён низ мегарданд, ки ин боиси ифтихори роҳбарияти вазорат ва падару модари онҳо мегардад.
Ному насаби донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва аз ҷониби муассисаҳои таълими барои иштирок дар чорабиниҳои илми-амали ҳавасманд гардонида шудаанд:
-
сержанти хурди милитсия Раҷабзода Меҳроҷ Азам – шунавандаи курси 3-юми Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Санкт-Петербург;
- қатории милитсия Алиев Шаҳром Суҳробович – шунавандаи курси 1-уми Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Санкт-Петербург;
- сержанти хурди милитсия Мумин Яқуб Лашкар – шунавандаи курси 3-юми Донишкадаи ҳуқуқии ВКД ФР дар шаҳри Ростови лаби Дон;
- сержанти милитсия Набизода Сино Маҳмасаид – шунавандаи курси 4-уми Донишкадаи ҳуқуқии ВКД ФР дар шаҳри Ростови лаби Дон;
- сержанти хурди милитсия Ҳалимов Исрофил Исматуллоевич– шунавандаи курси 5-уми Донишкадаи ҳуқуқии ВКД ФР дар шаҳри Ростови лаби Дон;
- қатории милитсия Назаров Нурмуҳаммад Ҷамшедович – шунавандаи курси 3-юми Донишгоҳи ВКД ФР дар шаҳри Санкт-Петербург;
- қатории милитсия Қурбонов Давлатманд Ҳотамшоевич – шунавандаи курси 1-уми Донишгоҳи ВКД ФР дар шаҳри Санкт-Петербург;
-
сержанти хурди милитсия Мирзоев Муҳаммадҷон Шуҳратович – шунавандаи курси 3-юми Донишгоҳи ВКД ФР дар шаҳри Санкт-Петербург.
Барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар давраи таҳсил дар муассисаҳои хориҷӣ кишвар роҳбарияти вазорат ва Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ барои баланд бардоштани руҳияи донишҷӯён ва инчунин бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ҳамчун чораҳои ҳавасмандгардонӣ ба рутбаҳои авалин ва навбатии ҳайати хурди роҳбарикунанда пешниҳод менамоянд.
Баҳри шиносои бо фарҳанг, расму оини мардуми минтақаҳое, ки дар он ҷой донишҷӯёни тоҷик таҳсил менамоянд донишҷӯён дар китобхонаҳо, театрҳо, консертҳои ҳунарпешагони ин манотиқ иштирок намуда, дар баробари ин забонҳои ин давлатҳоро низ аз худ менамоянд, ки дар фаъолияти минбаъбдаи онҳо қадами устуворе ба сӯи пеш мебошад.
Фаъолият дар ин самт идома дошта, рафти таҳсил, интизоми хизматӣ ва ҷобаҷогузории кадрӣ хатмкунандагони муассисаҳои хориҷи кишвар зери назорати қатъии роҳбарияти вазорат ва Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шудааст.














