Search

Семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Такмили заминаҳои ҳуқуқии хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ» бахшида ба эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Бахшида ба эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар доираи чорабиниҳои ба ин самт бахшидашуда 20 ноябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Такмили заминаҳои ҳуқуқии хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ» аз ҷониби кормандони раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва хадамоти кадрии ҷузъу томи мақомот дар шаҳри Душанбе, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини сардори РК ва КҲШ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Каримзода Э.Ҳ.,  нозири калон оид ба СММ РК ва КҲШ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Амирзода С.А., сардори ШК ва КҲШ СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Тавҳидзода М.С., корманди шартномавии РК ва КҲШ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустаъфӣ Шарифзода Ф.Ҷ., кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва хадамоти кадрии ҷузъу томи мақомот дар шаҳри Душанбе, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (зиёда аз 240 нафар) иштирок доштанд.

Семинар-машварати омўзиширо полковники милитсия Каримзода Э.Ҳ. – муовини сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, зикр кард, ки дар асоси дастури Вазири корҳои дохилӣ бо мақсади ба самъи кормандони хадамоти кадрии ҷузъу томи мақомот расонидани талаботу меъёрњои санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти кадрии дар таҳрири нав қабул гардида, ҳамзамон бахшида ба эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» семинар-машварати омўзишӣ дар мавзўи: «Такмили заминаҳои ҳуқуқии хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ» аз ҷониби кормандони раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии вазорат бо кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва хадамоти кадрии ҷузъу томи мақомот дар шаҳри Душанбе, ВМКБ ва шаҳру ноҳияњои тобеи ҷумҳурӣ  баргузор мегардад.

Ҳамзамон, полковники милитсия Каримзода Э.Ҳ., қайд кард, ки бо фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2024, №120 гурўҳи корӣ аз ҳисоби кормандони хадамоти кадрӣ, собиқ кормандони самти кадрӣ ва кормандони ботаҷрибаи дигар сохторҳои вазорат оид ба омўзиш, ворид намудани тағйиру илова, коркард ва дар таҳрири нав таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти кадрӣ бо роҳбарии сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ва сарпарастии Вазири корҳои дохилӣ ва дар доираи эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» таъсис дода шуд.

Аз ҷониби ин гурўҳи корӣ айни замон 12 – адад лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳрири нав омода карда шуда, бо фармоишҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд. Бо қабул гардидани санадҳои дар боло зикргардида 15 адад фармону фармоишҳои вазорат аз эътибор соқит дониста шуданд. 

Дар баромади худ капитани милитсия Амирзода С.А. қайд намуд, ки ҷиҳати риоя ва иҷрои меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ  дар самти ҳуқуқу  озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2024, №766 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бо эҳтиромонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо ҳамкасбон ва шаҳрвандон» аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ  ба имзо расид ва мазмуну муҳтавои фармоишҳои ВКД «Дар бораи Талаботи тахассусӣ  ба мансабҳои ҷузъу  томи  мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар бораи «Дастурамали намунавии фаъолияти хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро низ ба самъи ҳайати шахсии иштироккунанда расонд.

Баъдан сухан барои баромад ба подполковники милитсия Тавҳидзода М.С. – сардори ШК ва КҲШ СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, номбурда зимни баромади худ вобаста ба мазмуну муҳтавои фармоишҳои ВКД дар бораи «Тартиби барасмиятдарории парвандаҳои шахсии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ  ва «Дар бораи Тартиби интихоби номзадҳо ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ» суханронӣ  намуд.

Полковники мустаъфӣ Шарифзода Ф.Ҷ. – корманди шартномавии РК ва КҲШ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сухан баромада оид ба талаботи фармоиши ВКД  «Дар бораи Тартиби ба расмият даровардан ва додани шаҳодатномаи хизматӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мазмуну муҳтавои фармоишҳои ВКД  «Дар бораи Тартиби пешбурд, нигоҳдории парвандаҳои шахсӣ, барасмиятдарории варақаҳои ҳисоботӣ ва баҳисобгирии кадрии мақомоти корҳои дохилӣ, додани рақами шахсӣ  ва нишони филизин»,  «Дар бораи Тартиби сарфароз гардонидани ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохил

ии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои махсус, ҳарбӣ  ва барасмиятдарории он»,  дар бораи «Низомномаи судҳои шарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ» ба самъи  ҳозирин расонд. Дар охир аз ҷониби иштирокчиён ба баромадкунандагон саволҳо пешниҳод гардид, ки ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Дар охири семинар-машварати омўзишӣ полковники милитсия Каримзода Э.Ҳ. аз ҳозирин даъват кард, ки тибқи супориши роҳбарияти вазорат омўзиши пурра ва ҳаматарафаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло зикргардидаро дар байни ҳайати шахсӣ ба роҳ монда, талаботи онро риоя ва иҷро намоянд.

Мирзозода Дилфируз, лейтенанти милитсия