Search

Мусобиқаи варзишӣ миёни наврасон ва ҷавонон бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ

27 августи соли равон бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба мусобиқаи варзишӣ аз намуди “Таэквондо-ВТ” миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корхои дохилӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо” полковники милитсия Шоҳиён Аслидин Назрӣ дар ҳайати 7 нафар иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.

Аз ҷумла:

– Қурбонов Нодир дар вазни +65 кг ҷойи якум;

– Одинаев Бобоҷон дар вазни +65 кг ҷойи дуюм;

– Умаров Абдулло дар вазни +45 кг ҷойи якум;

– Раҷабов Муҳаммадкарим дар вазни 33 кг ҷойи дуюм;

Миёни наврасон:

– Шоҳиён Аҳмад дар вазни 33 кг ҷойи дуюм;

– Шоҳиён Ҷамолиддин дар вазни 40 кг ҷойи сеюм;

– Шоҳиён Фахридин дар вазни 50 кг ҷойи дуюм:

Дар натиҷа, варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корхои дохилӣ 2 медали тилло, 4 медали нуқра ва 1 медали биринҷиро ба даст оварданд.