Search

Мавсими истироҳатӣ дар осоишгоҳи “Садбарг”

Бо оғозёбии фасли тобистон дар тамоми минтақаҳои истироҳатию фароғатии ҷумҳурӣ мавсими тобистона оғоз мегардад. Кормандони милитсия низ ҳамасола дар осоишгоҳу табобатгоҳҳои ВКД бо истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.

 

Имсол низ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 рӯзи 13-уми июн қариб 100 нафар кормандони Дастгоҳи марказии ВКД бо фарзандону пайвандонашон ба Осоишгоҳи «Садбарг», воқеъ дар дараи Ромит сафарбар гардиданд.
Дар ин рӯз мусобиқаҳои мухталиф доир гардида, дар онҳо кормандон ва аъзои оилаашон фаъолона иштирок намуданд. Хусусан, хурсандии кӯдакону наврасонро ҳадду канор набуд. Онҳо ба бозии футболу шашкаву шоҳмот, оббозӣ дар ҳавзҳои шиноварии барҳаво ва ғайра машғул буданд.
Истироҳаткунандагон баъди хӯроки нисфирӯзӣ дар маҳфили шеъру сурудхонӣ, ки дар амфитеатри ин осоишгоҳ доир гардид, иштирок намуда, инчунин зери суруду оҳангҳои сарояндаи хушовоз Зокири Рашидӣ рақсу хушҳолӣ намуданд.

Дар мусобиқаҳои кушоди даставӣ аз намуди бандкашӣ тими Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» сазовори ҷойи аввал ва дастаи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ соҳиби ҷойи дуюми мусобиқа дониста шуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ бошад, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди бандкашӣ, футболи хурд, шашка ва шоҳмот аз номи роҳбарияти ВКД бо медалу Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки шароити истироҳатию табобатӣ ва фароғатии осоишгоҳ сол то сол беҳтар гардида истодааст. Дар он ҳавзҳои шиноварӣ барои кӯдакон ва калонсолон, майдончаи футбол, кортҳои теннисбозӣ, майдончаи шашкаву шоҳмотбозӣ, мизи саққобозӣ, инчунин толори консертӣ муҳаёст.
Осоишгоҳи «Садбарг» дорои се бинои истироҳатӣ, бинои табобатӣ, ошхона, маҷлисгоҳ буда, дар он дигар иншооту хизматрасониҳои тиббӣ-фароғатӣ барои табобату барқарорсозии саломатӣ мавҷуд аст.

Мавриди зикр аст, ки ба истироҳат фаро гирифтани кормандони милитсия ва наздикону пайвандонашон дар дигар осоишгоҳҳои ВКД низ ба нақша гирифта шудааст.